Коҳиши меъёри фоизи қарзҳои Ӯзбекистон ба тоҷирони тоҷик

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон дар бораи коҳиши назарраси меъёри фоизи қарзҳо ба тоҷирони тоҷик барои воридоти молу маҳсулоти Ӯзбекистон созиш ҳосил намуданд. Дар иттилоияи”Амонатбонк” дар ин робита қайд мешавад, ки меъёр ба фоизи қарзҳои имтиёзнок дар доираи созишномаи имзошуда тобистони соли 2018 оид ба маблағгузории тиҷоратӣ ба андозаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ва Бонки миллии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон дар бораи коҳиши назарраси меъёри фоизи қарзҳо ба тоҷирони тоҷик барои воридоти молу маҳсулоти Ӯзбекистон созиш ҳосил намуданд.

Дар иттилоияи”Амонатбонк” дар ин робита қайд мешавад, ки меъёр ба фоизи қарзҳои имтиёзнок дар доираи созишномаи имзошуда тобистони соли 2018 оид ба маблағгузории тиҷоратӣ ба андозаи 3,5% кам шуданд.

Гуфта мешавад, айни замон меъёри фоизи қарзҳои мазкур аз 4,5% то 5,5%-и солонаро ташкил медиҳад.

Тибқи созишномаи мазкур, то аввали соли равон 10 ширкати Тоҷикистон ба маблағи умумии 5,6 млн доллар қарз гирифтаанд. Дар санади дуним сол пеш имзошуда маблағгузории тоҷирони тоҷик танҳо барои интиқоли молу маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар доираи созиши ҳосилшуда ба маблағи зиёда аз 33 млн доллар додани қарз ба тоҷирони тоҷик дар назар аст.

Мувофиқи шартҳои созишнома, дар ин ҷараён “Амонатбонк” ба сифати кафил иштирок мекунад, яъне ба ширкатҳои Тоҷикистон мактуби кафолатнок медиҳад ва ширкатҳо тариқи он аз Ӯзбекистон молу маҳсулот мегиранд. Минбаъд ширкатҳои Тоҷикистон қарзро бо сомонӣ ба “Амонатбонк” пардохт мекунанд, ки он дар навбати худ, маблағҳоро ба асъор мубодила карда, онро ба бонки Ӯзбекистон бармегардонад.

Қарзҳои Ӯзбекистон ба муҳлати аз 1 то 3 сол дода мешаванд: агар таҳвилгар маҳсулоти ниёзи мардум ворид карданӣ бошад – то 1 сол ва агар таҷҳизот интиқол доданӣ бошад – ба муҳлати то 3 сол.

Бо ҳар кадоме аз қарордод ба маблағи то 1 млн доллар қарз дастрас кардан имкон дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.