Пайомади коронавирус: Дар Хуҷанд ҳам беморхонаи сироятӣ месозанд

Ҳалим Ҷӯраев

Дар шаҳри Хуҷанд беморхонаи нави сироятии вилояти Суғдро месозанд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори  Хуҷанд зимни нишасти хабарияш, имрӯз, 9-уми феврал иттилоъ дод.

Беморхонаи нави сироятии Суғд дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд, дур аз маркази шаҳр дар масоҳати 5 гектар қитъаи замин бунёд хоҳад шуд. Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд гуфт беморхонаи нав бо дастури раиси вилояти Суғд сохта мешавад.

“Лоиҳаи беморхонаи сироятшиносӣ омода ва тасдиқ шудааст. Дар маҳаллаи Чашмаи Арзана қитъаи замин муайян шудааст. Ҳоло ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад ва баъди анҷоми ин кор сохтмон оғоз мешавад”.

Мақомоти Хуҷанд мегӯяд, бемории ҳамагирии коронавирус чанде аз мушкилиҳои соҳаи тандурустиро мушаххас кард ва аз ин рӯ беморхонаи сироятии Суғд бо тарзи нав бунёд мешавад. Дар он минтақаҳои сабз, шуъбаҳо (боксҳо) ва насбу овардани таҷҳизоти ташхису табобатии ҳамаи бемориҳои сироятӣ дар назар аст.

Вале дар нишасти хабарӣ дақиқан гуфта нашуд, ки ин беморхонаи барои чанд бемор пешбинӣ шудааст. Оғози корҳои сохтмонӣ ҳоло дақиқ нест, вале шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, лоиҳа тасдиқ шудааст ва танҳо баъди ба пуррагӣ анҷом ёфтани ҳуҷҷатгузорӣ, ҳатман иттилои онро расонаӣ мекунанд.

Дар вилояти Суғд то имрӯз ҳеч беморхонаи вилоятии сироятӣ вуҷуд надорад ва гирифторону беморон асосан аз минтақаҳои гуногуни вилоят барои табобат ба беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд меоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...