Пайомади коронавирус: Дар Хуҷанд ҳам беморхонаи сироятӣ месозанд

Дар шаҳри Хуҷанд беморхонаи нави сироятии вилояти Суғдро месозанд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори  Хуҷанд зимни нишасти хабарияш, имрӯз, 9-уми феврал иттилоъ дод. Беморхонаи нави сироятии Суғд дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд, дур аз маркази шаҳр дар масоҳати 5 гектар қитъаи замин бунёд хоҳад шуд. Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд гуфт беморхонаи нав бо дастури раиси […]

Ҳалим Ҷӯраев

Дар шаҳри Хуҷанд беморхонаи нави сироятии вилояти Суғдро месозанд. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори  Хуҷанд зимни нишасти хабарияш, имрӯз, 9-уми феврал иттилоъ дод.

Беморхонаи нави сироятии Суғд дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд, дур аз маркази шаҳр дар масоҳати 5 гектар қитъаи замин бунёд хоҳад шуд. Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд гуфт беморхонаи нав бо дастури раиси вилояти Суғд сохта мешавад.

“Лоиҳаи беморхонаи сироятшиносӣ омода ва тасдиқ шудааст. Дар маҳаллаи Чашмаи Арзана қитъаи замин муайян шудааст. Ҳоло ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад ва баъди анҷоми ин кор сохтмон оғоз мешавад”.

Мақомоти Хуҷанд мегӯяд, бемории ҳамагирии коронавирус чанде аз мушкилиҳои соҳаи тандурустиро мушаххас кард ва аз ин рӯ беморхонаи сироятии Суғд бо тарзи нав бунёд мешавад. Дар он минтақаҳои сабз, шуъбаҳо (боксҳо) ва насбу овардани таҷҳизоти ташхису табобатии ҳамаи бемориҳои сироятӣ дар назар аст.

Вале дар нишасти хабарӣ дақиқан гуфта нашуд, ки ин беморхонаи барои чанд бемор пешбинӣ шудааст. Оғози корҳои сохтмонӣ ҳоло дақиқ нест, вале шаҳрдори Хуҷанд мегӯяд, лоиҳа тасдиқ шудааст ва танҳо баъди ба пуррагӣ анҷом ёфтани ҳуҷҷатгузорӣ, ҳатман иттилои онро расонаӣ мекунанд.

Дар вилояти Суғд то имрӯз ҳеч беморхонаи вилоятии сироятӣ вуҷуд надорад ва гирифторону беморон асосан аз минтақаҳои гуногуни вилоят барои табобат ба беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд меоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.