“Тоҷикматлубот” доир ба ҳаҷми захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ маълумот дод

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи “Тоҷикматлубот” имрӯз дар бораи захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар анборҳояш маълумот дод. Тибқи маълумоти раиси Иттифоқ Ҳусайн Идиев, айни замон дар 45 анбори Тоҷикистон 2 364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 703 тонна картошка захира шудааст. Ҳамчунин 155 ҳазор зарфҳо (банкаҳо)-и шартии маҳсулоти консервагӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои коркарди сабзавоту меваи “Тоҷикматлубот” истеҳсол шудаанд, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи “Тоҷикматлубот” имрӯз дар бораи захираҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар анборҳояш маълумот дод.

Тибқи маълумоти раиси Иттифоқ Ҳусайн Идиев, айни замон дар 45 анбори Тоҷикистон 2 364 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 703 тонна картошка захира шудааст.

Ҳамчунин 155 ҳазор зарфҳо (банкаҳо)-и шартии маҳсулоти консервагӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои коркарди сабзавоту меваи “Тоҷикматлубот” истеҳсол шудаанд, низ захира шудааст.

Дар мавриди болоравии нархи картошка то 5 сомонӣ Идиев ба он бовар накарда изҳор дошт, ки “имрӯз картошка бо арзиши 3,5-4 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки чандон гарон нест”.

Ба гуфтаи ӯ, имконоти молиявии Иттифоқ имкон намедиҳанд, ки ба поин кардани нархи сабзавоту мева, аз ҷумла картошка дар бозорҳо таъсир расонида шавад.

Бино ба маълумоти Вазрати кишоварзӣ, то 1 декабри соли 2020 дар Тоҷикистон зиёда аз 989 ҳазор тонна картшка истеҳсол шудааст.

Мувофиқи ҳисоби коршиносон, ин миқдор ҳосил бояд ба аҳолии кишвар дар як сол кофӣ бошад, лекин бо назардошти нархҳо ва оғози воридоти картошка аз дигар кишварҳо, бахусус аз Покистон, ба чунин маълумоти оморӣ бисёре аз мутахассисону коршиноосон шубҳа доранд.

Камбуди картошка ба болоравии арзиши он боис гардид: тибқи маълумоти расмӣ, дар муқоиса бо аввали сол дар зарфи 11 моҳи соли 2020 нархи он ба андозаи 20,1% боло рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.