Дар “Амонатбонк” беш аз 41 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст

Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки дар пайи санҷиш ё аудити онҳо дар "Амонатбонк", беш аз 41 млн сомонӣ (ҳудуди 3,6 млн доллар) зарари молиявӣ ошкор шудааст. Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, " ин маблағҳоро на Палатаи ҳисоб, балки аудити дохилии […]

Радиои Озодӣ

Масъулини Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки дар пайи санҷиш ё аудити онҳо дар "Амонатбонк", беш аз 41 млн сомонӣ (ҳудуди 3,6 млн доллар) зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Сироҷиддин Икромӣ, раиси "Амонатбонк" рӯзи 9-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, " ин маблағҳоро на Палатаи ҳисоб, балки аудити дохилии бонк ошкор намуда, ба мақомоти Палатаи ҳисоб ва Прокуратураи генералӣ пешниҳод кард".

Раиси "Амонатбонк" ҳаҷми зарари молиявиро зикр накарда, вале афзудааст, ки он маблағҳо як дарсади дороиҳои бонкро ташкил намедиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, то 31-уми декабри соли гузашта дороиҳои ин бонк 4,9 миллиард сомонӣ будааст.

Сироҷиддин Икромӣ қайд кардааст, кид, ки то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст, ки маблағҳо аз кадом роҳ аз худ карда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Палатаи ҳисоб мегӯянд, ин маблағ аз суратҳисоби муштариён бе иҷозати онҳо гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Палатаи ҳисоб, аксари ин маблағҳо ба филиали рақами панҷи "Амонатбонк", воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, рост меояд ва ҳамакнун 23,6 миллион сомонии он барқарор шудаааст.

Ба гуфтаи мақомот, мудири шӯъба, сармуҳосиб ва хазинадори намояндаии шумораи панҷуми ин бонк дар Душанбе ҳоло дар боздошт қарор доранд ва парвандаи онҳо аз сӯи додситонӣ тафтиш мешавад.

Раиси "Амонтабонк" ҳам дар нишасти хабарии рӯзи 9-уми феврал гуфтааст, ки ба ҷуз ин се нафар, нисбати як корманди идораи марказии ин бонк низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ афзудааст, ки парвандаи ин корманд дар дасти мақомоти тафтишотӣ аст.

"Амонатбонк"-ро дар гузашта ҳам барои роҳ додан ба тақаллуб борҳо танқид кардаанд. Моҳи январи соли 2019 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон баъзе аз кормандони "Амонатбонк"-ро ба дуздии маблағи буҷа ва пасандози муштариён муттаҳам кард.

Пештар Агентии зиддифасод ду масъули "Амонатбонк"-ро барои интиқолу мубодилаи ғайриқонунии маблағҳои ин ниҳоди молӣ боздошт карда буд. Ин ду нафар дар бинои асосии бонк дар шаҳри Душанбе фаъолият доштаанд.

"Амонатбонк" бузургтарин бонки давлатии Тоҷикистон аст, ки дар саросари кишвар намояндагӣ дошта, масъули пардохти нафақаи бознишастагон ва дигар кумакҳои иҷтимоии давлатӣ аст. Дар сохтори бонк 75 филиалу 546 марказ дар саросари кишвар фаъолият доранд, ки ба 7,4 ҳазор муассисаҳои давлатӣ ва 1 млн 600 ҳазор шахсони воқеӣ хизматрасонӣ анҷом додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.