Писари собиқ сарвазири Тоҷикистон барои чӣ маҳкум шуд?

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Писари охирин сарвазири даврони шӯравии Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев, соҳибкори муваффақи тоҷик ва роҳбаи ширкати “ХИМА Текстил” Исматулло Ҳаёев ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар ин робита хабар дод, ки маълумоти қаблан нашршуда дар бораи ба 8 соли зиндон маҳкум шудани Исматулло Ҳаёев асоси воқеӣ надорад.

Қаблан яке аз манбаъҳои “Азия-Плюс” дар суди пойтахт хабар дода буд, ки Исматулло Ҳаёев ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Шоҳиён таъкид дошт, ки нисбат ба Исматулло Ҳаёев аз ҷониби Агентии зиддифасод мутобиқи моддаи 246 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тасарруфи пулу моли барои қарз додашуда) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

“Исматулло Ҳаёев ва се нафар ҳаммаслакони ӯ зиёда аз 80 млн сомонӣ пулҳои қарзро, ки аз “Агроинвестбонк” гирифта буданд, азхуд кардаанд”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ дар бораи ҳаммаслакони Ҳаёев ва ба кадом муҳлатҳо зиндонӣ шудани онҳо ҳеҷ маълумоте надод.

Ёдрас мекунем, ки корпоратсияи “ХИМА” ширкати хусусиест, ки соли 1994 таъсис дода шуда, асосан ба парвариши пахта ва коркарди амиқи аввалияи он машғул аст.

Исматулло Ҳаёев писари Иззатулло Ҳаёев (25 апрели соли 2015 даргузашт) – сиёсатмадори маъруф мебошад, ки солҳои 1986-1990 ба Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Ӯро шахси наздики президент Эмомалӣ Раҳмон мешумориданд. Пас аз вафоташ ба яке аз кӯчаҳои Душанбе номи ӯ гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...