Раиси нави Шӯрои мудирони ТАЛКО кист?

Шӯрои нозирони ширкат раиси нави Шӯрои мудирони ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик”-ро таъин кард. “Бо қарори ҷаласаи дуюми Шӯрои нозирони ширкат, ки 20 январ доир гардид, Раҷабов Наҷибулло Ҳабибуллоевич раиси нави Шӯрои мудирон интихоб шуд. Қарори мазкури Шӯрои нозирони ТАЛКО аз 2 феврали соли 2021 мавриди амал қарор гирифт", – хабар дод ба "Азия-Плюс" сардори департаменти […]

Asia-Plus

Шӯрои нозирони ширкат раиси нави Шӯрои мудирони ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик”-ро таъин кард.

“Бо қарори ҷаласаи дуюми Шӯрои нозирони ширкат, ки 20 январ доир гардид, Раҷабов Наҷибулло Ҳабибуллоевич раиси нави Шӯрои мудирон интихоб шуд. Қарори мазкури Шӯрои нозирони ТАЛКО аз 2 феврали соли 2021 мавриди амал қарор гирифт", – хабар дод ба "Азия-Плюс" сардори департаменти иттилооти ширкат Игор Сатторов.

Қабули қарори мазкур ба он марбут аст, ки собиқ раиси ин Шӯро Шералӣ Кабир чанде пеш вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ таъин шуд.

Шералӣ Кабир аз соли 2005 дар мансабҳои гуногун дар ширкат кор карда, аз соли 2015 раиси Шӯрои мудирони ТАЛКО буд.

Раиси нави Шӯрои мудирони ТАЛКО кист?

Наҷибулло Раҷабови 34-сола ҳанӯз аз соли 2007 инҷониб дар воҳидҳои сохтории ТАЛКО фаъолият дорад.

То таъиноти мазкур ба ҳайси муовини аввали директори генералии ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” кор мекард.

ТАЛКО яке аз ширкатҳои бузургтарини коркарди алюминий дар паҳнои пасошӯравӣ мебошад, ки ахиран корхонаҳои зиёди зертобеъи худро таъсис дод.

Моҳи августи соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон КВД “ТАЛКО”-ро ба Ҷамъияти саҳҳомии кушода бо нигаҳдории 100% ҳиссаи давлат дар он табдил дод.

Маълумотнома

Раҷабов Наҷибулло Ҳабибуллоевич 18 апрели соли 1987 дар Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 2007 бо баҳои аъло факултаи молиявӣ-иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси “муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм кард.

Аз моҳи июн то октябри соли 2007 ба ҳайси мутахассиси яке аз шуъбаҳои Раёсати хавфҳои менеҷменти ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” кор кардааст.

Аз моҳи октябри соли 2007 ба кор дар воҳидҳои сохтории ТАЛКО ба сифати мутахассиси шуъбаи тиҷорат ва логистика, менеҷер, муҳосиб-иқтисодчӣ ва сардори шуъбаи рушди департаменти молиявӣ оғоз намуда, моҳи сентябри соли 2014 ба вазифаи директори департаменти сармоягузорӣ, моҳи феврали соли 2019 муовини аввали директори генералии ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” таъин шуд.

Бо забонҳои русӣ ва англисӣ озодона суҳбат карда метавонад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.