Писари собиқ сарвазири Тоҷикистон барои чӣ маҳкум шуд?

Писари охирин сарвазири даврони шӯравии Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев, соҳибкори муваффақи тоҷик ва роҳбаи ширкати “ХИМА Текстил” Исматулло Ҳаёев ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар ин робита хабар дод, ки маълумоти қаблан нашршуда дар бораи ба 8 соли зиндон маҳкум шудани Исматулло Ҳаёев асоси воқеӣ надорад. Қаблан яке аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Писари охирин сарвазири даврони шӯравии Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев, соҳибкори муваффақи тоҷик ва роҳбаи ширкати “ХИМА Текстил” Исматулло Ҳаёев ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён дар ин робита хабар дод, ки маълумоти қаблан нашршуда дар бораи ба 8 соли зиндон маҳкум шудани Исматулло Ҳаёев асоси воқеӣ надорад.

Қаблан яке аз манбаъҳои “Азия-Плюс” дар суди пойтахт хабар дода буд, ки Исматулло Ҳаёев ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Шоҳиён таъкид дошт, ки нисбат ба Исматулло Ҳаёев аз ҷониби Агентии зиддифасод мутобиқи моддаи 246 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тасарруфи пулу моли барои қарз додашуда) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

“Исматулло Ҳаёев ва се нафар ҳаммаслакони ӯ зиёда аз 80 млн сомонӣ пулҳои қарзро, ки аз “Агроинвестбонк” гирифта буданд, азхуд кардаанд”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ӯ дар бораи ҳаммаслакони Ҳаёев ва ба кадом муҳлатҳо зиндонӣ шудани онҳо ҳеҷ маълумоте надод.

Ёдрас мекунем, ки корпоратсияи “ХИМА” ширкати хусусиест, ки соли 1994 таъсис дода шуда, асосан ба парвариши пахта ва коркарди амиқи аввалияи он машғул аст.

Исматулло Ҳаёев писари Иззатулло Ҳаёев (25 апрели соли 2015 даргузашт) – сиёсатмадори маъруф мебошад, ки солҳои 1986-1990 ба Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон роҳбарӣ мекард. Ӯро шахси наздики президент Эмомалӣ Раҳмон мешумориданд. Пас аз вафоташ ба яке аз кӯчаҳои Душанбе номи ӯ гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.