“Барқи тоҷик” соли 2020 ҳамагӣ 58% пули барқи “Сангтӯда-1”-ро пардохт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) на зиёдтар аз ҳадди 58% аз барқи иниқолёфтаро ташкил дода, ба идомаи афзоиши қарз назди неругоҳ боис мегардад, қайд мешавад дар иттилоияи ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.

“Соли 2020 қарзи андӯхтаи тиҷоратии ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба андозаи 293,5 млн сомонӣ афзуда, ба ҳолати 31-уми декабри соли 2020 – 1,6 млрд сомониро ташкил дод”, – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, соли 2020 неругоҳи “Сангтӯда-1” ба ширкати “Барқи тоҷик” наздики 2,2 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол дод, ки 4,8% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мебошад.

Зикр мегардад, ки коэффисиенти истифодаи иқтидори насбшуда ҳамагӣ 37,4%-ро ташкил дод.

“Коҳиши коэффисиенти истифодаи иқтидори насбшуда ба андозаи 2% нисбат ба соли 2019 ба камшавии ҳаҷми харидории барқ аз ҷониби ягона харидор – ШСХК “Барқи тоҷик” вобаста аст”, – таъкид мекунанд дар неругоҳ.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки моҳи декабри соли 2020 тариқи баргузории ҳисоббаробаркуниҳои уҳдадориҳои андозӣ қарз аз андози ҶСК “НБО Сангтӯда-1” назди Буҷети давлатии Тоҷикистон 98,5 млн сомонӣ кам шуд. Ба ҳамин маблағ қарзи андӯхтаи ШСХК “Барқи тоҷик” назди Ҷамъият қисман кам шуд.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори насбшудаи неругоҳи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар “Сангтӯда-1” ба ҳудуди 8,4 млн кВт/соат баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...