Ширин Амонзода: соли 2020 ҳамагӣ 130 ҳазор нафар ба муҳоҷират рафт, 76% кам шуд

Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2020 нисбат ба соли 2019 шумораи тоҷиконе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 76 дар сад кам шудааст. Ин нуктаро Амонзода имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш, ки ҳамин ҳоло ҷараён дорад, ба хабарнигорон гуфт.  Ба гуфтаи вазири нави кобинаи ҳукумат, соли гузашта аз Тоҷикистон барои […]

Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2020 нисбат ба соли 2019 шумораи тоҷиконе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 76 дар сад кам шудааст. Ин нуктаро Амонзода имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш, ки ҳамин ҳоло ҷараён дорад, ба хабарнигорон гуфт. 

Ба гуфтаи вазири нави кобинаи ҳукумат, соли гузашта аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамагӣ 129 ҳазору 807 нафар рафтааст, ки аз ин 117 912 нафар ба Русия ва 4574 нафар ба Қазоқистон рафтаанд.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, дар Тоҷикистон соли 2020 баландтарин маош 2376,2 ва пасттарин маош 561,1 будааст, ки баландтарини он ба бахши сохтмон ва пасттарини он ба кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ рост меояд. Вазири меҳнат мегӯяд, ки маоши миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон  соли 2020 то 3,9 дар сад боло рафта, бар муқоиса бо соли 2019 1377,17 сомониро дар бар гирифтааст. 

Ба назари Амонзода, нишондиҳандаи беҳтарро дар ин бахш ВМКБ дорад, ки дар ин вилоят то 10,2 дар сад боло рафтааст. Дар Хатлон 5,9, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ – 5,2, Суғд – 4,1 ва Душанбе – 1,5 дар сад будааст. 

Вазорати меҳнат мегӯяд, ки соли 2020 76 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот  рух додааст, ки дар натиҷа 42 кас ба ҳалокат расидаанд. Ба хонаводаи онҳо 3 миллиону 83,2 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохта шудааст. 

Ширин Амонзода мегӯяд, ки соли 2020 193 ҳазор ҷойи кор эҷод шудааст. Шумораи бекорон бештар аз 136 ҳазор будааст. Вазир мегӯяд, инҳо онҳое ҳастанд, ки расман барои кор муроҷиат кардаанд ва 103,4 ҳазори онҳоро ҳамчун нафарони дар ҷустуҷӯйи кор номнавис кардаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.