“Барқи тоҷик” соли 2020 ҳамагӣ 58% пули барқи “Сангтӯда-1”-ро пардохт

Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) на зиёдтар аз ҳадди 58% аз барқи иниқолёфтаро ташкил дода, ба идомаи афзоиши қарз назди неругоҳ боис мегардад, қайд мешавад дар иттилоияи ҶСК “НБО Сангтӯда-1”. “Соли 2020 қарзи андӯхтаи тиҷоратии ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба андозаи 293,5 млн сомонӣ афзуда, ба ҳолати […]

Сатҳи миёнаи пардохт аз оғози соли 2020 (бо назардошти ҳисоббаробаркуниҳо) на зиёдтар аз ҳадди 58% аз барқи иниқолёфтаро ташкил дода, ба идомаи афзоиши қарз назди неругоҳ боис мегардад, қайд мешавад дар иттилоияи ҶСК “НБО Сангтӯда-1”.

“Соли 2020 қарзи андӯхтаи тиҷоратии ШСХК “Барқи тоҷик” назди ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ба андозаи 293,5 млн сомонӣ афзуда, ба ҳолати 31-уми декабри соли 2020 – 1,6 млрд сомониро ташкил дод”, – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, соли 2020 неругоҳи “Сангтӯда-1” ба ширкати “Барқи тоҷик” наздики 2,2 млрд кВт/соат неруи барқ интиқол дод, ки 4,8% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мебошад.

Зикр мегардад, ки коэффисиенти истифодаи иқтидори насбшуда ҳамагӣ 37,4%-ро ташкил дод.

“Коҳиши коэффисиенти истифодаи иқтидори насбшуда ба андозаи 2% нисбат ба соли 2019 ба камшавии ҳаҷми харидории барқ аз ҷониби ягона харидор – ШСХК “Барқи тоҷик” вобаста аст”, – таъкид мекунанд дар неругоҳ.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки моҳи декабри соли 2020 тариқи баргузории ҳисоббаробаркуниҳои уҳдадориҳои андозӣ қарз аз андози ҶСК “НБО Сангтӯда-1” назди Буҷети давлатии Тоҷикистон 98,5 млн сомонӣ кам шуд. Ба ҳамин маблағ қарзи андӯхтаи ШСХК “Барқи тоҷик” назди Ҷамъият қисман кам шуд.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори насбшудаи неругоҳи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар “Сангтӯда-1” ба ҳудуди 8,4 млн кВт/соат баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.