Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ ҷиҳати баргузории конфронс дар Душанбе ба мувофиқа расиданд

Asia-Plus

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат оид ба мавзӯоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули назар сурат гирифта, ба раванди сулҳи байниафғонӣ ва дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

“Тоҷикистон аз ҳукумати  Афғонистон дар доираи талошҳои пайвастаи он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии  кишвар ҳамеша пуштибонӣ мекард ва дар ин мавкеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт иброз намуданд.

Президентҳои ду кишвар дар мавриди масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният низ табодули афкор анҷом дода, вазъи кунуниро дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат аҳаммияти тақвияти шарикии ду кишварро дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми  вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди  Истамбул»-ро баррасӣ карда, ҷиҳати доир намудани ин ҳамоиш дар охири марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...