Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ ҷиҳати баргузории конфронс дар Душанбе ба мувофиқа расиданд

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат оид ба мавзӯоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули назар сурат гирифта, ба раванди сулҳи байниафғонӣ ва дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи […]

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат оид ба мавзӯоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ табодули назар сурат гирифта, ба раванди сулҳи байниафғонӣ ва дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самараноки истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

“Тоҷикистон аз ҳукумати  Афғонистон дар доираи талошҳои пайвастаи он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии  кишвар ҳамеша пуштибонӣ мекард ва дар ин мавкеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт иброз намуданд.

Президентҳои ду кишвар дар мавриди масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният низ табодули афкор анҷом дода, вазъи кунуниро дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат аҳаммияти тақвияти шарикии ду кишварро дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карданд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми  вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё – Раванди  Истамбул»-ро баррасӣ карда, ҷиҳати доир намудани ин ҳамоиш дар охири марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Афғонистон ба мувофиқа расиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.