Соли 2020 аз офатҳои табиӣ 59 млн сомонӣ зиён расид

Соли 2020 ҳаҷми зарари расида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 59 млн сомониро ташкил дод, хабар дод ба рӯзноманигорон зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми зиён аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сол то сол мунтазам кам мешавад. Рустам Назарзода дар ин робита изҳор дошт, ки агар […]

Соли 2020 ҳаҷми зарари расида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 59 млн сомониро ташкил дод, хабар дод ба рӯзноманигорон зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми зиён аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сол то сол мунтазам кам мешавад.

Рустам Назарзода дар ин робита изҳор дошт, ки агар аввали аср зарар аз офатҳои табиӣ даҳҳо миллион доллар ҳисоб мешуд, пас давоми чор соли охир ин маблағ ҳамасола аз 2-4 млн доллар зиёдтар нест.

“Ин натиҷаи кори ҳукумати Тоҷикистон дар бахши огоҳии саривақтӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ, инчунин беҳбуди сатҳи худогоҳии аҳолии кишвар аст”, – қайд кард ӯ.

Раиси Кумита қайд кард, ки соли гузашта бар асари ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон 8 нафар, аз ҷумла 4 нафар дар натиҷаи селфароӣ ва 2 кас – аз зарбаи оташак (чароғак, молния) ва фаромадани тарма ҳалок шуданд.

Соли 2020 дар дарёву обанборҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ 107 нафар ғарқ шуданд, ки 34 нафар камтар аз соли 2019 аст. Дар ин давра 55 кас аз ҷониби кормандони Кумита аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.

Соли гузашта дар кишвар ба сурати умум 231 ҳодисаи ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.