“Борнео” ба нимҳимоятгари тоҷик гузаштанро ба “Истиқлол” иҷоза дод

Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки имсол дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО бозӣ мекунад, собиқ нимҳимоятгари худро ба даста даъват кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин даста. Гуфта мешавад, “Истиқлол” ва тими “Борнео”-и Индонезия доир ба гузаштани нимҳимоятгар Нуриддин Давронов ба ҳайтаи дастаи “Истиқлол” ба мувофиқа расидаанд. Собиқ капитани даста дар “Истиқлол” […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Қаҳрамони Тоҷикистон – дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, ки имсол дар даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО бозӣ мекунад, собиқ нимҳимоятгари худро ба даста даъват кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин даста.

Гуфта мешавад, “Истиқлол” ва тими “Борнео”-и Индонезия доир ба гузаштани нимҳимоятгар Нуриддин Давронов ба ҳайтаи дастаи “Истиқлол” ба мувофиқа расидаанд. Собиқ капитани даста дар “Истиқлол” мисли пешин зери рақами 8 то оғози равзанаи тобистонаи трансферҳо бозӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки Давронов моҳи феврали соли гузашта ба сифати агенти озод ба тими “Борнео” гузашт. То имзои қарордод бо “Борнео” Нуриддин Давронов дар мусобиқаи Чемпионати Индонезия таҷрибаи бозӣ дошта, соли 2018 дар дастаи “Мадуро Юнайтед” ҳунарнамоӣ мекард.

Ҳамчунин дар давраҳои гуногун нимҳимоятгари 30-солаи тоҷик дар ҳайати дастаҳои “Истиқлол”, “Барқчӣ”, “Слобода”-и Сербия ва “Уммон” бозӣ кардааст. Дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар 49 вохӯрӣ иштирок карда, 8 тӯб ба ҳадаф расонидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.