Дар ҷойи бозори “Ҷал-Ҷам”-и Душанбе чӣ сохта мешавад?

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии шаҳраки нави замонавиро, ки сохтмонаш дар ҷойи бозори тахрибшуда “Ҷал-Ҷам” амалӣ мешавад, манзур кард. Тавре дар саҳифаи "Архитектура Душанбе" дар Facebook хабар дода мешавад, дар ин қаламрав сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, муассисаи томактабӣ барои 250 ҷой ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт лоиҳаи ангоравии шаҳраки нави замонавиро, ки сохтмонаш дар ҷойи бозори тахрибшуда “Ҷал-Ҷам” амалӣ мешавад, манзур кард.

Тавре дар саҳифаи "Архитектура Душанбе" дар Facebook хабар дода мешавад, дар ин қаламрав сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии баландошёна, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхона, дафтарҳои корӣ, муассисаи томактабӣ барои 250 ҷой ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бозори махсуси масолеҳи сохтмони “Ҷал-Ҷам”-и пойтахт аввали соли 2020 дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб шуд

Соҳибкорон ва тоҷирони бозор ба қаламрави маҷмааи нави савдои “Кӯшониён”, ки дар мавзеи наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 сохта шудааст, кӯчонида шуданд.

Маъмурияти маркази савдои “ Кӯшониён” бо дархости шаҳрдории Душанбе савдогарони ба ин ҷо гузаштаи бозори “Ҷал-Ҷам”-ро се моҳ аз пардохти маблағи иҷораи нуқтаҳои фурӯш озод кард.

Бозори “Ҷал-Ҷам” соли1997 дар қаламрави собиқ корхонаи заргарӣ дар буриши кӯчаҳои Раҳмон Набиев ва Деҳотӣ ба фаъолият оғоз намуд. Қаламрави бозор 2,6 гектарро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.