Даргузашти профессоре, ки бо пули худаш дар мактабҳо стипендия таъсис дода буд

Саттор Худойбердиев, ҷуғрофишиноси маъруф, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ки дирӯз дар синни 82-солагӣ даргузашта буд, имрӯз, соати 10 дар зодгоҳаш, деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ба хок супорида шуд. Дар маросими видоъ ва дафни ӯ раҳбарммяи ва устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, шогирдон ва пайвандону наздикони марҳум иштирок карданд. Дар ин бора ба “Азия плюс”  яке аз наздикони […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Саттор Худойбердиев, ҷуғрофишиноси маъруф, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ки дирӯз дар синни 82-солагӣ даргузашта буд, имрӯз, соати 10 дар зодгоҳаш, деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ба хок супорида шуд.

Дар маросими видоъ ва дафни ӯ раҳбарммяи ва устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, шогирдон ва пайвандону наздикони марҳум иштирок карданд. Дар ин бора ба “Азия плюс”  яке аз наздикони марҳум хабар дод.

“Рӯзи гузашта баъд аз нисфирӯзӣ устод аз  олам даргузаштанд. Солҳои охир дар хона бознишаста буданд ва  бемории “инсулт” доштанд”, – мегӯянд Ихтиёр Худойбердиев, фарзанди Саттор Худойбердиев.

Саттор Худойбердиев дар баробари он ки як донишманди саршиноси ҷуғрофиё дар Тоҷикистон буд, бештар бо иқдомҳои инфиродияш низ маъруф буд. Аз ҷумла ӯ дар се мактаби зодгоҳаш  барои хонандагони шоиста аз пули шахсии худаш стипендия таъсис дода буд.

Марҳум муаллифи 50 китоб,  аз ҷумла "Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон", “Географияи Тоҷикистон", "Вилояти Суғд ба 1000 савол ҷавоб", "Оё Шумо шаҳри Хуҷандро медонед?", "Аввалин китоби география дар Тоҷикистон" ва мақолаҳои зиёди илмиву оммавӣ буд.   

Саттор Худойбердиев 30-юми марти соли 1939 дар деҳаи Басмандаи  ноҳияи Деваштич таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна, соли 1964 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (он замон Институти давлатии педагогии Ленинобод)-ро хатм карда буд.

Корро аз муаллимӣ дар мактаби миёна оғоз карда, аз соли 1967 дар факултаи табиатшиносию ҷуғрофиёи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  идома додааст.

Соли 1975 коромӯз-тадқиқотчии Институти педагогии шаҳри Санкт-Петербург ба номи Гертсен буд. Баъдан ба ҳайси дотсенти кафедраи ҷуғрофияи иқтисодӣ ва соли 2010 ҳамчун  профессор, мудири кафедраи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор карда буд. Ҳамчунин дар донишгоҳҳои дигари шаҳри Хуҷанд низ ба сифати профессор ба тадриси донишҷӯён машғул буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.