Русия бунёди 5 мактаби русзабон дар Тоҷикистонро тобистон оғоз мекунад

Зимни вохӯрии вазирони маорифи Тоҷикистону Русия Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сергей Кравтсов дар Маскав зикр шуд, ки барои роҳандозии фаъолияти таълимӣ дар 5 мактаби русзабон, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд, ба Тоҷикистону Русия лозим меояд, ки корҳои зиёдеро ба сомон расонанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маорифи Русия, зимни […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни вохӯрии вазирони маорифи Тоҷикистону Русия Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сергей Кравтсов дар Маскав зикр шуд, ки барои роҳандозии фаъолияти таълимӣ дар 5 мактаби русзабон, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд, ба Тоҷикистону Русия лозим меояд, ки корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маорифи Русия, зимни дидор Сергей Кравтсов изҳор дошт, ки тобистони имсол оғози сохтмони ин мактабҳо дар назар буда, онҳо тибқи меъёрҳои таълимии Русия фаъолият мекунанд.

“Корҳои асосии омодагӣ ба оғози сохтмон ба охир расиданд. Ба ин кори пурсамари вазоратҳои ҳар ду кишвар мусоидат кард. Аз ҷумла лоиҳаи қолабии бинои мактаб мувофиқа шуда, қитъаҳои замин барои сохтмони онҳо дар 5 шаҳр ба таври ниҳоӣ тасдиқ шуданд. Дар назар дорем, ки сохтмонро моҳи сентябри соли 2022 ба итмом расонида, мактабҳоро ба истифода диҳем”, – қайд кардааст Кравтсов зимни суҳбат.

Вазири Русия хотиррасон намудааст, ки ба мақомоти марбута ҷиҳати роҳандозии фаъолияти таълимӣ дар ин муассисаҳо, инчунин мувофиқаи тартиби таъини мудирони мактабҳо ва интихоби ҳайати омӯзгорон кӯшиши зиёд харҷ кардан лозим меояд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо инчунин дар бораи амалисозии муваффақонаи лоиҳаи гуманитарии “Омӯзгори русиягӣ дар хориҷа” («Российский учитель за рубежом») дар Тоҷикистон изҳори назар карданд.

Муҳаммадюсуф Имомзода ба кори омӯзгорони рус, ки дар лоиҳаи гуманитарӣ иштирок мекунанд, баҳои баланд дод ва гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки онҳо бо роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар соли хониши 2020-2021 дар мактабҳои Тоҷикистон 50 нафар омӯзгорони Русия машғули коранд.

Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.

Дар чаҳорчӯби ин қарордод аз ҷониби ҳукумати Русия барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои таҳсилоташон бо забони русӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 30 млн доллар ҷудо карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.