Русия барои сохтмони 5 мактаб дар Тоҷикистон $3 млн ҷудо кард

Русия ба Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) ҷиҳати маблағгузорӣ ба сохтмони мактабҳо дар панҷ шаҳри Тоҷикистон маблағи хайрия ворид намуд, хабар медиҳад Бонки авруосиёии рушд (БАОР). Бонки мазкур маблағҳои ин Фондро идора мекунад. Созишномаи дахлдор дар ин хусус аз ҷониби муовини вазири молияи Русия Тимур Максимов ва иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи бахши лоиҳавии ФАСР […]

Русия ба Фонди авруосиёии субот ва рушд (ФАСР) ҷиҳати маблағгузорӣ ба сохтмони мактабҳо дар панҷ шаҳри Тоҷикистон маблағи хайрия ворид намуд, хабар медиҳад Бонки авруосиёии рушд (БАОР). Бонки мазкур маблағҳои ин Фондро идора мекунад.

Созишномаи дахлдор дар ин хусус аз ҷониби муовини вазири молияи Русия Тимур Максимов ва иҷрокунандаи вазифаи директори иҷроияи бахши лоиҳавии ФАСР Андрей Широков ба имзо расид.

Пули ҷудошуда дар ҳаҷми 3 млн доллар ба маблағгузории бебозгашти сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин муҷаҳҳазгардонии техникии онҳо дар 5 шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода равона мегарданд.

Дар назар аст, ки сохтмони мактабҳо соли оянда шурӯъ мешавад.

Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.

Дар чаҳорчӯби ин қарордод аз ҷониби ҳукумати Русия барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳои таҳсилоташон бо забони русӣ дар маҷмӯъ ҳудуди 30 млн доллар ҷудо карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.