“Тоҷикфилм” мутахассисе надорад, ки барои грант лоиҳа навишта тавонад

Маҳмадсаид Шоҳиён,   директори муассисаи “Тоҷикфилм” дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш аз надоштани мутахассисе, ки грант ё лоиҳа бинависаду онҳо барои филмофарӣ аз созмону ниҳодҳои байналмилалӣ пул бигиранд, шикоят кард. Шоҳиён мегӯяд, “мо то ҳол ягон грант аз давлатҳои хориҷӣ нагирифтаем, чунки дар ин ришта, афсӯс, ягон мутахассис надорем, агар дошта бошем ҳам, агуштшуморанд”. Ин […]

Маҳмадсаид Шоҳиён,   директори муассисаи “Тоҷикфилм” дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш аз надоштани мутахассисе, ки грант ё лоиҳа бинависаду онҳо барои филмофарӣ аз созмону ниҳодҳои байналмилалӣ пул бигиранд, шикоят кард.

Шоҳиён мегӯяд, “мо то ҳол ягон грант аз давлатҳои хориҷӣ нагирифтаем, чунки дар ин ришта, афсӯс, ягон мутахассис надорем, агар дошта бошем ҳам, агуштшуморанд”. Ин суханонро мудири “Тоҷикфилм” дар пасманзари нокофӣ будани маблағҳои давлатӣ барои таҳияи филмҳои ватанӣ мегуфт.

Ӯ таъкид кард, ки қариб ҳамаи соҳаҳо ба воситаи гранту лоиҳаҳо кору фаъолият мекунанд ва пешрафт доранд, аммо дар мо ягон лоиҳанависе нест, ки тарҳро пешниҳод кунаду мо грант гирем.

Маҳмадсаид Шоҳиён мегӯяд, онҳо бояд барои ҳалли ин мушкил мутахассисони соҳаи кино, продюсер ва мудиронро омода кунанд.

Ҳоло ба гуфтаи мудири “Тоҷикфилм”, онҳо як мутахассисро ба тариқи шартнома барои ин кор ҷалб кардаанд. Ҳамчунин раҳбарии “Тоҷикфилм” бо масъулони Кумитаи давлатии сармоягузории кишвар мулоқот кардаанд, то онҳо барояшон дар дарёфти сармоя барои офаридани филм мусоидат кунанд.

“Онҳо ба мо  пешниҳод ҳам карданд, ки агар мо лоиҳаро омода карда пешниҳод кунем, онҳо дар оянда барои гирифтани грант ба шарикони рушд пешниҳод мекунанд. Имсол ният дорем, ки тарҳҳоро навиштаву пешниҳод кунем”,-гуфт Шоҳиён.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.