Шералӣ Кабир технологияҳои блокчейнро ояндаи иқтисоди Тоҷикистон медонад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз изҳор дошт, ки ояндаи иқтисоди Тоҷикистон ба истифодаи технологияҳои блокчейн вобаста аст.

“Барои ин мо имконот – кадрҳои ҷавон дорем, – қайд кард ӯ. – Зиёда аз 28 ҳазор нафар ҷавон барои мутахассиси IT (технологияҳои иттилоотӣ) шудан дархост доданд ва мо бояд ин имконотро истифода барем”.

Ба гуфтаи ӯ, барои ба ин ҳадаф ноил гардидан дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои миёнаи махсус ҷорӣ кардани таълим ба ихтисосҳое лозим аст, ки ҷиҳати кор бо самте чун технологияҳои IT ба мисли блокчейн заруранд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ қайд кард, ки дар давраи иқтисоди рақамӣ ин самт серталабот ва серхаридор мебошад.

“Даъвати омӯзгорон аз кишварҳои рушдёфта лозим аст, то ки ҷавонони моро дар шакли нави иқтисод таълим диҳанд”, – иброз дошт номбурда.

Истифодаи технологияи блокчейнро Бонки ҷаҳонӣ низ тавсия медиҳад.

“Вақте рушди иқтисод дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба ҳадди ниҳоии худ расид, замоне фаро расид, ки кишварҳои минтақа бояд аз технологияҳои нави рақамӣ баҳри ҷорисозии навгониҳо ва беҳбуди сифати хизматрасониҳо истифода кунанд”, – зикр шуда буд дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Криптовалюта ва блокчейн” дар соли 2018.

Бо сабаби фарқияти усулии худ технологияи мазкур дар низоми амният нафъи амалӣ дорад. Табиист, ки омӯзиш ва ҷорисозии ин технология ба зарурати таълими якбора якчанд ихтисос – блокчейн-муҳандисон, таҳиягарон ва муҳаққиқон, ки аллакай имрӯз заруранд, водор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...