Шералӣ Кабир технологияҳои блокчейнро ояндаи иқтисоди Тоҷикистон медонад

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз изҳор дошт, ки ояндаи иқтисоди Тоҷикистон ба истифодаи технологияҳои блокчейн вобаста аст. “Барои ин мо имконот – кадрҳои ҷавон дорем, – қайд кард ӯ. – Зиёда аз 28 ҳазор нафар ҷавон барои мутахассиси IT (технологияҳои иттилоотӣ) шудан дархост доданд ва мо бояд ин имконотро истифода барем”. Ба […]

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир имрӯз изҳор дошт, ки ояндаи иқтисоди Тоҷикистон ба истифодаи технологияҳои блокчейн вобаста аст.

“Барои ин мо имконот – кадрҳои ҷавон дорем, – қайд кард ӯ. – Зиёда аз 28 ҳазор нафар ҷавон барои мутахассиси IT (технологияҳои иттилоотӣ) шудан дархост доданд ва мо бояд ин имконотро истифода барем”.

Ба гуфтаи ӯ, барои ба ин ҳадаф ноил гардидан дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои миёнаи махсус ҷорӣ кардани таълим ба ихтисосҳое лозим аст, ки ҷиҳати кор бо самте чун технологияҳои IT ба мисли блокчейн заруранд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ қайд кард, ки дар давраи иқтисоди рақамӣ ин самт серталабот ва серхаридор мебошад.

“Даъвати омӯзгорон аз кишварҳои рушдёфта лозим аст, то ки ҷавонони моро дар шакли нави иқтисод таълим диҳанд”, – иброз дошт номбурда.

Истифодаи технологияи блокчейнро Бонки ҷаҳонӣ низ тавсия медиҳад.

“Вақте рушди иқтисод дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба ҳадди ниҳоии худ расид, замоне фаро расид, ки кишварҳои минтақа бояд аз технологияҳои нави рақамӣ баҳри ҷорисозии навгониҳо ва беҳбуди сифати хизматрасониҳо истифода кунанд”, – зикр шуда буд дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Криптовалюта ва блокчейн” дар соли 2018.

Бо сабаби фарқияти усулии худ технологияи мазкур дар низоми амният нафъи амалӣ дорад. Табиист, ки омӯзиш ва ҷорисозии ин технология ба зарурати таълими якбора якчанд ихтисос – блокчейн-муҳандисон, таҳиягарон ва муҳаққиқон, ки аллакай имрӯз заруранд, водор мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...