Раиси Суғд: на як ваҷаб заминро медиҳем ва на як ваҷаб замини Қирғизистонро мегирем

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз дар нишасти хабарияш гуфт, ки гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон бар сари таъин ва аломатгузории марз дубора оғоз мешаванд ва Тоҷикистон мисли пештара бар ин аст, ки “на як ваҷаб заминашро медиҳаду на як ваҷаб замини бегонаро мегирад”. Аҳмадзода мегӯяд, ки баъди тасдиқ шудани кобинаи нави ҳукумати Қирғизистон, дигарбора комиссияи байниҳукуматии […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз дар нишасти хабарияш гуфт, ки гуфтушуниди Тоҷикистону Қирғизистон бар сари таъин ва аломатгузории марз дубора оғоз мешаванд ва Тоҷикистон мисли пештара бар ин аст, ки “на як ваҷаб заминашро медиҳаду на як ваҷаб замини бегонаро мегирад”.

Аҳмадзода мегӯяд, ки баъди тасдиқ шудани кобинаи нави ҳукумати Қирғизистон, дигарбора комиссияи байниҳукуматии таъину аломатгузории марз қарор аст аз моҳи март кори худро оғоз кунад.

Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки Тоҷикистон мисли пешин бар ин мавқеъ аст, ки  мехоҳад ҳамаи мушкилии вобаста ба марзро ҷонибҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал кунанд. Ӯ ишора ба ҳамсоядории чандинсолаи халқҳои тоҷику қирғиз карда гуфт аз як обу ҳаво нафас мекашем ва ҳамдигарро иззату эҳтиром мекунем.

“Мо ягон ваҷаб заминро намедиҳем ва ягон ваҷаб замини бегона ҳам ба мо даркор нест. Баҳсҳое, ки байни сокинони деҳаи Оқсой ё Воруху Чоркӯҳ ҳастанд, инҳо баҳсҳои хоҷагӣ аст. Мумкин роҳи обро дигар мекунанд ё ягон дарахтро ноҷо мешинонанд, ин дар салоҳияти ду раиси ҷамоат, ду нозири минтақавӣ ва раисони шаҳрҳо аст ва имрӯз ҳаллу фасл шуда истодааст. Дар Ворух 40 ҳазор аҳолӣ зиндаги мекунад, асрҳои аср роҳ барои мардум буд, роҳ роҳи Тоҷикистон аст, роҳи мадуми Ворух аст. Ворух анкалав нест. Мо ҳаминро ба ҳамсоя фаҳмонида дода истодаем, ки намехоҳем имрӯз ноҳақ ба сокинони мо халал расонанд. Мо албатта амнияти осудагии мардумамонро таъмин мекунем”.    

Ӯ таъкид кард, ки  имрӯз он ҷойҳои баҳсие, ки ҳаст, аз ҷониби сарҳадбонҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, ҷамоатҳои Ворух, Чоркӯҳ, Сурх, мақомоти иҷроияи Исфара бо роҳбари шаҳри Бодканд ва ҳам роҳбарони ҷамоатҳои кишвари ҳамсоя тариқи гуфтушунид ҳал шуда истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода мегӯяд, дар чаҳорчӯби қонун, ҳар касе имрӯз сарҳадро вайрон мекунад, сарҳадбонони тоҷик чораҷӯйӣ мекунанд.

“Ман боварии комил дорам, ки имрӯз ягон ваҷаб замини ҳамсоя ба мо лозим нест ва мо низ ягон ваҷаб заминро ба касе намедиҳем. Мо мехоҳем бо кишвари ҳамсоя дӯстӣ кунем ва як ҳаворо ҳамроҳ нафас мекашем. Як обро ҳам сокинони Ҷумҳурии Қирғизистон мехӯрад ва ҳам сокинони Тоҷикистон. Мо бароии манфиати миллӣ, барои ҳимояи марзу бум ҷонамонро медиҳем”.

Раиси вилояти Суғд афзуд боварии комил дорад, ки масъалаҳои вобаста ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон тариқи гуфтушунид марҳила ба марҳила ҳалли худро меёбад.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.

Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки имрӯз шаҳрҳои Исфара зиёда аз 136 километр, Конибодом 46 километр, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 36 километр, Ҷаббор Расулов 51 километр, Спитамен 14 километр, Деваштич 69,2 километр ва Кӯҳистони Мастчоҳ 169,8 километр бо Қирғизистон хатти марз доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.