Who is Babajan Ghafurov? Озмун барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Осорхонаи миллии Тоҷикистон миёни шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров эълон кардаст. Ин озмун як моҳ, аз 15 феврал то 15 март давом карда, аз ширкаткунандагон суолҳо дар мавриди китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров пурсида мешавад.                                   Шаҳло Абдуллоева, як масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки як комиссияи […]

Осорхонаи миллии Тоҷикистон миёни шаҳрвандони хориҷии муқими Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин»-ро аз рӯйи мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров эълон кардаст. Ин озмун як моҳ, аз 15 феврал то 15 март давом карда, аз ширкаткунандагон суолҳо дар мавриди китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров пурсида мешавад.                                  

Шаҳло Абдуллоева, як масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки як комиссияи иборат аз забондонону таърихдонҳо кори озмунро назорат мекунад.

Ӯ гуфт, аъзои ин комиссия, ки хубтарин хориҷии “Тоҷикон”-хонро муайян мекунанд, аз ширкаткунандагон дар мавриди ин китоб суолҳо хоҳанд кард.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ нафароне, ки китоби мазкурро хондаанду дар кишварамон нестанд, метавонанд аз хориҷи кишвар тариқи онлайн ширкат кунанд.

Ин масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон мақсад аз баргузории озмунро “арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик ва таваҷуҳи Президенти кишвар барои баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ байни шаҳрвандон” унвон мекунад.

"Озмун дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, ки мо ҳамасола намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз”-ро баргузор мекунем, ҷамъбаст мешавад ва дар ҳамин чорабиниямон тӯҳфаҳои нафарони ғолибро тақдим мекунем", – мегӯяд ӯ.

Шаҳло Абдуллоева гуфт, ки мукофоти пуливу молӣ барои ғолибон пешбинӣ шудааст, аммо гуфта натавонист, ҷоизаи пулӣ чӣ қадар аст. Ӯ гуфт, тӯҳфаҳо метавонанд гуногун бошанд, масъалан як тӯҳфа метавонад билети сафари шаҳрванди хориҷие ба давлаташ бошад, ки дар ин озмун пирӯз мешавад.

Ҳоло онҳо мунтазири муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ барои номнависӣ ва ширкат дар ин озмунанд.

Осорхонаи миллиии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони хориҷӣ барои ширкат дар ин озмун метавонанд ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ-11 муроҷиат намуда, инчунин барои гирифтани маълумоти бештар ба телефонҳои 227-15-08; 227-86-47 занг задаву дар тамос шаванд.

Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров имсол бо дастури Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 1,6 миллион нусха аз нав нашр шуда, ба ҳар хонавода дар Тоҷикистон бепул ҳадя карда шуда истодааст.

То имрӯз ин китоб бо забонҳои чинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудааст ва дар Эрону Афғонистон ҳам бо форсӣ нашр шудааст. Забони русӣ забони асли ин асар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.