Боздошти боз шаш шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Бодканди Қирғизистон

Расонаҳои қирғизӣ аз боздошти шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки бино ба гузориши онҳо бо такя ба мақомоти марзбонияшон ҳангоми интиқоли ғайриқонунии нерӯҳои минералӣ боздошт шудаанд. Дар ин бора пойгоҳи қирғизии 24.kg ба истинод ба Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар хабар додааст. Бино ба навиштаи ин хабаргузорӣ, марзбонони қирғиз муштаракан бо КДАМ-и ин кишвар дар минтақаи […]

Расонаҳои қирғизӣ аз боздошти шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки бино ба гузориши онҳо бо такя ба мақомоти марзбонияшон ҳангоми интиқоли ғайриқонунии нерӯҳои минералӣ боздошт шудаанд. Дар ин бора пойгоҳи қирғизии 24.kg ба истинод ба Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар хабар додааст.

Бино ба навиштаи ин хабаргузорӣ, марзбонони қирғиз муштаракан бо КДАМ-и ин кишвар дар минтақаи сарҳадии Борбордуки ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд шаш нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва ду мошини боркаши навъи Shacman-ро боздошт кардаанд. Ин шаҳрвандон дар ҳоле боздошт шудаанд, ки гӯё борхалтаҳои нерӯҳои минералӣ (селитра)-ро бидуни иҷоза тасмим доштаанд бо ду мошини боркаш ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир назари мақомоти Тоҷикистон ва худи шаҳрвандони боздоштшуда дар мавриди ин қазия маълум нест ва ҳамчунин шахсияти нафарони боздоштшуда низ барои расонаҳо дастрас нашудааст. Мақомоти Қирғизистон нагуфтаанд, ки ин шаш нафарро барои қочоқи бор боздошт кардаанд ё барои убури ғайриқонунии марз.  

“Мошинҳо бо рақами мушаххаси Тоҷикистон буданд. Ҳангоми азназаргузаронии мошинҳо, сарҳадбонон ва кормандони КДАМ 338 халта селитраро бидуни иҷоза дарёфт карданд. Қарор буд, ки ин бор бо роҳи ғайриқонунӣ берун аз посгоҳ ба Тоҷикистон фиристода шавад. Пас аз сабти асноди дахлдор, боздоштшудагон, бори онҳо ва воситаҳои нақлиёт барои тафтишоти иловагӣ ба кормандони мақомоти салоҳиятдор супорида шуданд”, – хабар додааст Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Ин хабар дар ҳолест, ки 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон 7 рӯз пеш низ дар марзи Қирғизистон боздошт шуда буданд ва то кунун сарнавишташон норӯшан аст. Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо зикри ин ки кормандони сафорати Тоҷикистон ба ин қазия расидагӣ мекунанд, дар нишасти матбуотии рӯзи 15-уми феврал изҳори умедворӣ кард, ки ин қазия “мусбат ҳал мешавад”.

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти охирини матбуотии худ изҳори умедворӣ кард, ки раҳбарияти нави Қирғизистон барои беҳбуди равобит талош ба харҷ медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.