Бунёди лӯлаи гази Ёвон-Леваканд барои корхонаи “Азот” оғоз шудааст

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Сохтмони лӯлаи гази Ёвон-Леваканд, ки ба хотири  ба кор андохтани калонтарин корхонаи саноатии вилояти Хатлон – “Азот” аст, аз ноҳияи Ёвон оғоз шудааст.

Заррина Давлатзода, раиси шаҳри Леваканд дар нишасти матбуотиаш, 15-уми феврал хабар дод, ки аллакай бунёди лӯлаи газ аз ноҳияи Ёвон шуруъ шуда, ҳудуди 7 км лӯлаҳо (қубурҳо) ҷобаҷо шудаанд. "Корҳои сохтмониро КВД “Тоҷикгаз” анҷом дода истодааст",- гуфт раиси шаҳр.

Ба суоли ин ки оё корхона то кунун фурӯхта шудааст ё не, Зарина Давлатзода гуфт, ки ҳоло маълум нест, ки саҳмияҳои корхонаро кӣ харидорӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти хабарияш гуфт, ки ин корхонаро дар тендер ҷониби Тоҷикистон харид. Маблағи харидоришуда 200 миллион доллари амрикоӣ гуфта мешавад, аммо молики нави онро Қодирзода ба хабарнигорон нагуфт.

Бояд гуфт, ки баъди бекор кардани шартномаи сармоягузорӣ бо ширкати чинии “Хэнана Ҷун-Я” сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода зимни як сафараш ба шаҳри Леваканд супориш дода буд, ки ҳарчи зудтар корхона ба кор андохта шавад ва барои бо гази Ӯзбекистон таъмин кардани он хати лӯлаи газ аз ноҳияи Ёвон то корхонаи “Азот” кашида шавад.

Ҳоло ҳукумати кишвар бастаи 100% аксияҳои корхонаи “Азот”-ро ба фурӯш мондааст. Корхона ҳудуди 24 миллион сомонӣ қарзҳои кредиторӣ,  аз ҷумла 5 миллион қарз аз ҳисоби музди меҳнати кормандонаш дорад.

Бояд ёдовар шуд, ки корхонаи “Азот” ҳанӯз солҳои Шӯравӣ сохта шуда, аслан ба таъмини соҳаи кишоварзӣ бо нуриҳои минералӣ, аз ҷумла “карбамид” сару кор дошт. Иқтидори ин корхона дар сурати кор кардани ду хатти истеҳсолӣ 1,5 ҳазор тонна карбамид дар як шабонарӯз мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...