Боз $290 млн. Бо вуҷуди мушкили молиявӣ, сохтмони Роғун идома меёбад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар мавриди ҷалби сармоягузориҳо ба идомаи сохтмони неругоҳи Роғун ҳукумати Тоҷикистон созишҳои пешакӣ ҳосил намуд, хабар дод муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт айни замон гурӯҳи махсуси ҳукумат кор мекунад.

Қаблан зикр шуда буд, ки  ҳукумат ният дорад барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун аз бонкҳои аврупоии Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) 340 млн евро қарз гирад.

Барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун Каримзода ҷалби ҳам сармоягузории хориҷӣ ва ҳам дохилиро муҳим медонад.

Ӯ қайд кард, ки соли 2020 барои маблағгузорӣ ба ин иншоот аз ҳисоби буҷет 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 290 млн доллар) ва аз ҳисоби захираҳои байнулмилалии кишвар 1 млрд сомонӣ равона шуд.

Каримзода таъкид дошт, ки соли ҷорӣ низ барои идомаи сохтмони неругоҳ тақрибан дар ҳамин сатҳ маблағгузорӣ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумла 2,1 млрд сомонӣ аз буҷет равона мегардад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, аз замони ба истифода додани ду агрегати неругоҳи Роғун (ноябри соли 2018 ва сентябри 2019) дар онҳо ба маблағи 500 млн сомонӣ 2,5 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳол шудааст.

Дар толори мошинҳои неругоҳи Роғун дар умум насби 6 гидроагрегат бо иқтидори ҳар кадоме аз агрегатҳо 600 МВт ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...