ВКД: Нафаре, ки хабарнигори “Озоди”-ро зад, боздошт шуд

Нафаре, ки дирӯз ба хабарнигорони Радиои “Озоди” ҳангоми таҳияи гузориш ҳуҷум карда буд, боздошт шудааст. Дар ин бора аз РВКД дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Дирӯз, 4-уми март ду хабарнигори ин расона – Муллраҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдулло дар нуқтаи фуруши сӯзишвории “Соро Ойл” дар маҳаллаи 33-и пойтахт ҳангоми таҳияи гузориш дар мавриди баланд […]

Нафаре, ки дирӯз ба хабарнигорони Радиои “Озоди” ҳангоми таҳияи гузориш ҳуҷум карда буд, боздошт шудааст. Дар ин бора аз РВКД дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Дирӯз, 4-уми март ду хабарнигори ин расона – Муллраҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдулло дар нуқтаи фуруши сӯзишвории “Соро Ойл” дар маҳаллаи 33-и пойтахт ҳангоми таҳияи гузориш дар мавриди баланд шудани нархи сӯзишворӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳангоме, ки хабарнигорон мехостанд дар ин маврид аз ронандаҳо суол диҳанд, аммо посбони нуқтаи сӯзишворӣ монеъи ин кор шудааст. 

Пулиси шаҳри Душанбе мегӯяд, ки нафаре, ки ба рӯзноманигорон ҳуҷум кард боздошт шудааст.

“Тафтишот мунтазири хулосаи тиббиест, ки имрӯз бояд рӯзноманигорони Радиои “Озодӣ” пешниҳод кунанд. Баъди омӯзиши хулоса тасмими ниҳоӣ гирифта мешавад. Нафари ҳуҷумкунанда боздошт шудааст ва ҳоло дар ШВКД ноҳияи Сино дар ҳабс қарор дорад”,- гуфтанд аз ин ниҳод.

Муллораҷаб Юсуфӣ рӯзноманигоре, ки мавриди ҳамла қарор гирифт, ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ӯ бо ҳамкораш мехостанд дар бораи боло рафтани нархи маводи сӯхт сужаи видеоӣ таҳия кунанд.

“Вақте мо бо як ронанда суҳбат мекардем, посбони нуқтаи фуруши сӯзишворӣ талаб кард, ки наворгириро қатъ кунем, Шаҳлои Абдуллоро сахт тела дод ва бо дастонаш пеши роҳи наворгирии дурбинро пӯшонид. Ман хостам ба ёрии ҳамкорам бишитобам ва қазияро бо телефони мобилиям забт кунам, вале дар ин ҳола як зарбаи дар зери манаҳам хӯрадам. Посбон гуфт, ки мо ҳақ надорем, дар ҳудуди НФС бидуни иҷозаи  хаттии раҳбарии ширкат наворбардорӣ кунем”,-гуфт Юсуфзода.

Баъди ин рӯзноманигор аз муоинаи тиббӣ гузаштааст, ки пизишкон гуфтаанд Юсуфзода бар асари зарба дар қисмати чапи рӯяш варамӣ пайдо шудааст ва ӯ бояд дар дуҳафтаи наздик таҳти табобат қарор бигирад.

Баъдан рӯзноманигорон ба ВКД Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Дар Тоҷикистон борҳо шудааст, ки хабарнигорон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор мегиранд, вале дар бештари мавриди шахсияти афроди ҳамлагар ошкорношуда боқӣ мемонад.

Соли гузашта хабарнигори “Азия-Плюс” ду бор мавриди ҳамла қарор гирифт, ки ҳамалаи нахусти 11 майи соли 2020 буд, ки то кунун омилони ин ҳамла ошкор нашудаанд.

Ҳамлаи дувум 29-майи соли гузашта  буд. Замоне ӯ мехост дар мавриди вазъи селзадагони нҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузориш таҳия кунад мавриди лату кӯб қарор гирифт, ки баъдан ҳамлаварон ошкор ва муҷозот шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.