Даргузашти ҳаҷвнигори шинохта Раҳмондӯсти Қурбониён дар 77-солагӣ

Раҳмондӯсти Қурбониён, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, яке аз ҳунармандони маъруфи синавмоу ӣеаӣри тоҷик, ҳаҷвнигори шинохта, имрӯз дар синни 77-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе хабар додааст. Раҳмондӯсти Қурбониён аз ҳунармандони шинохта ва ҳаҷвнигорони номошнои Тоҷикистон буд, ки соли 1944 таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна соли 1960 […]

Раҳмондӯсти Қурбониён, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, яке аз ҳунармандони маъруфи синавмоу ӣеаӣри тоҷик, ҳаҷвнигори шинохта, имрӯз дар синни 77-солагӣ, бар асари беморие, ки дошт даргузашт. Дар ин бора Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе хабар додааст.

Раҳмондӯсти Қурбониён аз ҳунармандони шинохта ва ҳаҷвнигорони номошнои Тоҷикистон буд, ки соли 1944 таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна соли 1960 ба студияи актёрии назди Театри академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки бо номи асосгузори театри касбии тоҷик Ефим Исаевич Мителман ҳамчун "Студияи  Мителман" маъруф аст, дохил гардид. Онро хатм намуда, соли 1964 ба Театри халқии ноҳияи Москва  (ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ба кор рафт. Тӯли даҳ сол дар ин тетар ба сифати ҳунарпеша, коргардон ва роҳбари бадеӣ кору фаъолият намуд.

Соли 1974 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил мешавад ва нозукиҳои кори коргардониро ба таври маслакӣ фаро мегирад. Ӯ дар солҳои 1960 – 1980 Театри халқии ноҳияи Москваро ба сатҳи яке аз маъруфтарин театрҳои халқии ҷумҳурӣ мерасонад. 

Соли 1988 бо даъвати  Вазорати фарҳанг ба Душанбе даъват мешавад ва дар дастаи фолклорӣ – этнографии "Ганҷина", ки дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо роҳбарии  Зафар Нозимов – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, маъруф буд ба вазифаи коргардони таъин мешавад

Солҳои 1992 – 2010) ҳунарпеша ва коргардони фаъоли Театри намунавии минётураи "Оина" буд. Солҳои 2010 – 2012 ба ҳайси коргардони дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кард. Баъдан ба дастаи "Наврӯз" – и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даъват шуд.

Раҳмондӯсти Қурбониён яке аз чеҳраҳои дурахшони синамои тоҷик буд. Ҳанӯз соли 1962 дар филми Кимёгаров – "Коваи оҳангар" нақши нахустини худро иҷро карда буд. Нақшҳои офаридаи Раҳмондӯсти Қурбониён дар филмҳои "Братан", "Қош ба қош"- и Бахтиёр Худойназаров, "Ситораҳои сари танӯр"- и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, "Сароби биҳишт"- и Юнус Юсуфов, "Муҳаббат" – и Умед Мирзоширинов, "Баҳори як кӯча"- и Саидҷон Қодирӣ, "Баррачаи хаёлӣ" аз нақшҳои мондагори синамои тоҷиканд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.