Ҷоизаи имсолаи Бердиеваро Гулнора Амиршоева соҳиб шуд

Ҷоизаи имсолаи ба номи Бӯринисо Бердиева аз сӯйи "Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон" ба Гулнора Амиршоева, сардабири "Вечерка" дода шуд. Ин ҷоиза ҳамсола ба занҳои рӯзноманигори тоҷике дода мешавад, ки дар рушди рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифтаанд. Бино ба гуфтаи "Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон" имсол барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза 28 бонуи рӯзноманигор аз расонаҳои гуногуни […]

Ҷоизаи имсолаи ба номи Бӯринисо Бердиева аз сӯйи "Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон" ба Гулнора Амиршоева, сардабири "Вечерка" дода шуд. Ин ҷоиза ҳамсола ба занҳои рӯзноманигори тоҷике дода мешавад, ки дар рушди рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон саҳм гирифтаанд.

Бино ба гуфтаи "Эътилофи бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон" имсол барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза 28 бонуи рӯзноманигор аз расонаҳои гуногуни Тоҷикистон сабқат кардаанд.

Ҳамчунин ба ҷуз ҷоизаи Бӯринисо Бердиева, дар ин рӯз аз сӯйи ин ниҳоди рӯзноманигорӣ ба Ҷамила Мирбозхонова, хабарнигори нашрияи "Фараж", Даря Христалюбова, ровии радиоия "Азия плюс", Мафтуна Шокирова, хабарнигори телевизиони "СМ1" ҷоизаҳои ифтихории беҳтаринҳо дар соҳаи худро соҳиб шуданд.

Барои эҷоди матолиби муфиду фазои мусоиди иттилоотӣ рӯзноманигороне чун Сарвинози Руҳулло, Заррина Абдуназарова, Зулфия Голубева, Анна Мирзоева, Дилноза Қуддусова, Муҳайе Нозимова, Саида Раҳимова, Холбибӣ Эшонбоева, Шоира Тоирова, Маҳина Давлатова, Махфират Шоимова, Наврӯзмо Вазирбекова, Саҳобахон Ҷӯраева, Саодат Усмонова, Шаҳло Эшонова, Лутфия Эшонқулова, Эллина Ким, Нигина Мамадҷонова, Фархунда Файзуллоева, Таҳмина Мисробӣ, Нозанин Усмонова, Симин Ҳусейнова, Азиз Алишерзода, Алия Ҳамидуллина ва Фарангис Мирдадоева низ соҳиби диплом шуданд. 

Ҷоизаи Бӯриниссо Бердиева ягонаи ҷоизаи ихтисосии бонувон дар бахши рӯзноманигорӣ аст, ки дар гузашта онро рӯзноманигорони маъруфе чун Адолати Мирзо ва Ҳуринисо Ализода ба даст овардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.