Муҳоҷирон дар вилояти Маскав барои кор бо тарзи нав ҷалб мешаванд

Ҳукумати Русия тарзу усули амал оид ба ҷалби шаҳрвандони хориҷиро барои кор дар иқтисоди кишвар тасдиқ кард, хабар додаанд аз Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав. Интиқоли муҳоҷирон ба ҷойи кор, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳо, таъмини шароити зисту хӯрок акнун ба дӯши корфармо вогузор мегардад. “Ташкилоту корхонаҳое, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ манфиатдоранд, бояд интиқоли […]

Ҳукумати Русия тарзу усули амал оид ба ҷалби шаҳрвандони хориҷиро барои кор дар иқтисоди кишвар тасдиқ кард, хабар додаанд аз Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав.

Интиқоли муҳоҷирон ба ҷойи кор, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳо, таъмини шароити зисту хӯрок акнун ба дӯши корфармо вогузор мегардад.

“Ташкилоту корхонаҳое, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ манфиатдоранд, бояд интиқоли муҳоҷиронро ба ҷойи кор, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳоро барои кор, имзои шартномаҳои меҳнатӣ, таъмин бо ҷойи зисту хӯрок, назорати онҳо пас аз омадан ба қаламрави Русия, инчунин риояи қоидаҳои санитариву эпидемиологиро аз ҷониби онҳо таъмин кунанд”, – қайд кардааст муовини раиси ҳукумати вилояти Маскав, роҳбари Сарраёсати амнияти минтақавии ин вилоят Роман Каратаев.

Тарзу усули ин амал аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия таҳия шуда, дар доираи он ташкилоту корхонаҳои манфиатдор ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои ин кор мустақилона ба низоми иттилоотӣ-таҳлилии «Общероссийская база вакансий «Работа в России» дархост дар ин бора пешниҳод намоянд.

Мақомоти ваколатдор оид ба амалисозии ин чорабиниҳо Сарраёсати амнияти минтақавӣ ва Вазорати рушди иҷтимоӣ таъин шудаанд.

Дар ин мақомот зикр кардаанд, ки бар асари тадбирҳои маҳдудкунӣ соли 2020 дар қаламрави вилоят норасоии захираҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди вилоят ба вуҷуд омадааст.

Гуфта мешавад, барои кор дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии минтақа ҳудуди 10 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ заруранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.