Муҳоҷирон дар вилояти Маскав барои кор бо тарзи нав ҷалб мешаванд

Asia-Plus

Ҳукумати Русия тарзу усули амал оид ба ҷалби шаҳрвандони хориҷиро барои кор дар иқтисоди кишвар тасдиқ кард, хабар додаанд аз Сарраёсати амнияти минтақавии вилояти Маскав.

Интиқоли муҳоҷирон ба ҷойи кор, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳо, таъмини шароити зисту хӯрок акнун ба дӯши корфармо вогузор мегардад.

“Ташкилоту корхонаҳое, ки ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ манфиатдоранд, бояд интиқоли муҳоҷиронро ба ҷойи кор, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳоро барои кор, имзои шартномаҳои меҳнатӣ, таъмин бо ҷойи зисту хӯрок, назорати онҳо пас аз омадан ба қаламрави Русия, инчунин риояи қоидаҳои санитариву эпидемиологиро аз ҷониби онҳо таъмин кунанд”, – қайд кардааст муовини раиси ҳукумати вилояти Маскав, роҳбари Сарраёсати амнияти минтақавии ин вилоят Роман Каратаев.

Тарзу усули ин амал аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Русия таҳия шуда, дар доираи он ташкилоту корхонаҳои манфиатдор ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои ин кор мустақилона ба низоми иттилоотӣ-таҳлилии «Общероссийская база вакансий «Работа в России» дархост дар ин бора пешниҳод намоянд.

Мақомоти ваколатдор оид ба амалисозии ин чорабиниҳо Сарраёсати амнияти минтақавӣ ва Вазорати рушди иҷтимоӣ таъин шудаанд.

Дар ин мақомот зикр кардаанд, ки бар асари тадбирҳои маҳдудкунӣ соли 2020 дар қаламрави вилоят норасоии захираҳои меҳнатӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди вилоят ба вуҷуд омадааст.

Гуфта мешавад, барои кор дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилӣ-коммуналии минтақа ҳудуди 10 ҳазор нафар муҳоҷирони корӣ заруранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...