Баррасии дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон дар ройзаниҳои сиёсӣ

Байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон рӯзи 11 март дар шакли маҷозӣ даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон  оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ роҳбарӣ карданд. Гуфта мешавад, дар ройзаниҳо тарафҳо […]

Asia-Plus

Байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон рӯзи 11 март дар шакли маҷозӣ даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон  оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ роҳбарӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар ройзаниҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҷопонро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар тамоми арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона густариш меёбанд. Дар ин замина аҳаммияти лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мегарданд, таъкид гардид.

Тарафҳо ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” таъкид намуда, таҳкими ҳамкориҳоро дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба зарур шумориданд. Ҷонибҳо бо ишора ба аҳаммияти идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон ба зарурати мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишвар таъкид карданд.       

Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.