Оғози фаъолияти ширкати нави суғурта дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми фаъолияти суғуртавӣ ба ҶДММ “ДС суғурта” иҷозатнома дод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, мувофиқи қарори Раёсати Бонки миллӣ, ба ширкат барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Гуфта мешавад, зимни супоридани иҷозатнома рӯзи 15 март дар БМТ раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода ба директори ҶДММ “ДС суғурта” Ашӯров Баҳром барои рушди бозори суғурта, тақвият бахшидани доираи маҳсулоти муосири суғуртавӣ ва ба ин васила мусоидат дар таъмини рақобати солим дар бозори суғуртаи кишвар изҳори боварӣ намуд.

Зикр мегардад, ки ҳамзамон, Идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, дар бозори суғуртаи Тоҷикистон феълан ҳамагӣ 19 ширкати суғурта фаъолият доранд, ки 2-тоаш давлатӣ  ва 17-тоаш ғайридавлатӣ мебошанд.

Бо қарори ҳукумат ширкатҳои суғурта (ва бозсуғурта)-и Тоҷикистон уҳдадор шуданд, ки то 1 апрели соли равон ҳаҷми сармояи оинномавии худро зиёд кунанд.

Мувофиқи меъёрҳои нав сармояи оинномавии ширкатҳои суғурта вобаста ба шакли моликият ва навъи суғурта бояд аз 2 млн то 50 млн сомонӣ (ҳозир – аз 500 ҳазор то 40 млн сомонӣ)-ро ташкил диҳад.

Роҳандозии чунин тадбирҳоро дар Бонки миллӣ ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ доданд, ки “ҳиссаи суғурта дар иқтисод ҳамагӣ 0,74% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад, ки яке аз нишондиҳандаҳои паст дар ҷаҳон аст ва он мустақиман ба талаботи нокофӣ ба сармояи оинномавӣ вобаста аст”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...