Билетҳо аз 5300 сомонӣ. Хатсайрҳои нави “Эйр Астана” аз Душанбе

Ширкати ҳавопаймоии “Эйр Астана” рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта бо хатсайри Алмато-Душанбе-Алмато парвоз анҷом медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон. Лекин то 11 апрел ҳамаи билетҳо ба хатсайр аз Душанбе ба Алмато фурӯхта шуда, дар хатсайри бозгашт ҳоло билетҳо дар фурӯш ҳастанд. “Рӯзи 14 март пас аз таваққуфи тӯлонӣ мо муваффақона […]

Ширкати ҳавопаймоии “Эйр Астана” рӯзи якшанбеи ҳамин ҳафта бо хатсайри Алмато-Душанбе-Алмато парвоз анҷом медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон.

Лекин то 11 апрел ҳамаи билетҳо ба хатсайр аз Душанбе ба Алмато фурӯхта шуда, дар хатсайри бозгашт ҳоло билетҳо дар фурӯш ҳастанд.

“Рӯзи 14 март пас аз таваққуфи тӯлонӣ мо муваффақона парвоз анҷом додем, – гуфт манбаъ. – Акнун ҳар ҳафта рӯзи якшанбе бо самти Алмато-Душанбе-Алмато парвоз иҷро мекунем”.

Дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшии Душанбе хабар доданд, ки дар хатсайрҳо аз Душанбе ба Алмато то 11 апрел дигар ҷой намондааст.

“Нархи билети хатсайри 11 апрел, ки ширкати “Эйр Астана” иҷро мекунад, аз 5 ҳазору 301 сомонӣ сар мешавад”, – гуфтанд дар хазинаи билетфурӯшӣ.

Дар сомонаи ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон ишора мешавад, ки то 11 апрел дар хатсайрҳо ҷойҳои холӣ нестанд ва ба хатсайри рӯзи 11 апрел нархи билетҳо аз 5 ҳазору 259 сомонӣ сар мешаванд.

Дар хатсайрҳои минбаъда билет арзонтар мешавад. Масалан, ба хатсайри рӯзи 25 апрел пешбинишуда арзиши билетҳо аз 4 ҳазору 104 сомонӣ, ба хатсайри рӯзи 25 май – аз 1 ҳазору 725 сомонӣ сар мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ширкати “Сомон Эйр” низ аз 18 март ба иҷрои парвозҳои мунтазам бо хатсайри Душанбе-Алмато-Душанбе оғоз мекунад. Маълум аст, ки ширкат 24 март низ парвоз анҷом медиҳад. Лекин ба ин хатсайрҳо аз Душанбе ба Алмато дигар билет боқӣ намонда, дар парвози бозгашт билетҳо ҳоло ҳастанд.

Ба гуфтаи намояндагони ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, нархи билет аз Душанбе ба Алмато аз 2 ҳазору 800 сомонӣ то 5 ҳазору 360 сомонӣ ва ба хатсайри бозгашт аз Қазоқистон 1466 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло маълум нест, ки парвозҳо бо хатсайрҳои минбаъда кай сурат мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки парвозҳо бо риояи қатъии талаботи санитариву эпидемиологӣ ва мутобиқаи ҷадвали нашршуда дар сомонаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ анҷом дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...