Вазорати саноат барои додани иҷозатнома “Равзана” кушод

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон барои додани иҷозатнома “Равзанаи ягона” боз кард. Дар Вазорат шарҳ медиҳанд, ки портал барои содакунӣ ва шаффоф ҷараён гирифтани дастрас намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ҷиҳати роҳандозии тиҷорат дар соҳаи саноат таъсис дода мешавад. Дархост барои гирифтани иҷозатномаро акнун метавон ба таври фосилавӣ тариқи портали “Равзанаи ягона” ijozatnoma.tj пешниҳод намуд. Дар […]

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон барои додани иҷозатнома “Равзанаи ягона” боз кард.

Дар Вазорат шарҳ медиҳанд, ки портал барои содакунӣ ва шаффоф ҷараён гирифтани дастрас намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ҷиҳати роҳандозии тиҷорат дар соҳаи саноат таъсис дода мешавад.

Дархост барои гирифтани иҷозатномаро акнун метавон ба таври фосилавӣ тариқи портали “Равзанаи ягона” ijozatnoma.tj пешниҳод намуд.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки иқдоми мазкур ба рафъи монеъаҳои сунъӣ дар ҷараёни гирифтани иҷозатнома мусоидат менамояд.

Роҳандозии ин порталро дар Вазорат ҳамчунин дастгирии соҳибкорон ва тавсеъаи истифодаи амалиёти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишвар маънидод мекунанд.

Айни замон тавассути “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозатнома аз рӯйи чунин фаъолиятҳои соҳибкорӣ метавон ҳуҷҷат пешниҳод кард:

– истифодаи захираҳои зеризаминӣ;

– истеҳсол ва фурӯши машрубот (нӯшокиҳои спиртӣ);

– истеҳсол ва фурӯши маснуоти тамоку;

– коркард ва то ба ҳадди ниҳоии маҳсулот расонидани сангҳо ва фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо;

– коркард ва фурӯши фулузоти сиёҳ ва ранга.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ифтитоҳи тиҷорат тибқи самтҳои дар боло зикршуда дар портал ҷойгир шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.