Омодагии «KazakhЕxport» ҷиҳати мусоидат ба ТАЛКО барои дастрасии қарз аз БАОР

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни ҶС «ЭСК «KazakhЕxport», ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) ва Бонки авруосиёии рушд (БАОР) рӯзи 18 март дар доираи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

“Дар чаҳорчӯби ин санад ҳамкориҳо дар соҳаи саноат, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми содироти кокси обутобёфтаи нафтӣ, мертел ва феррофосфори электротермӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст", – хабар медиҳад «KazakhЕxport».

Гуфта мешавад, маҳсулот барои эҳтиёҷоти ТАЛКО бо истифода аз воситаҳои молиявӣ ва суғуртавии «KazakhЕxport» содирот мегардад.   

«KazakhЕxport» ба рӯйпӯши суғуртавии БАОР ба маблағи 15 млн доллар тибқи қарзи ҶСК "ТАЛКО" ҷиҳати пур кардани воситаҳои гардиш барои харидани маҳсулот аз истеҳсолкунандагони қазоқистонӣ омода аст”, – омадааст дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дафтари кории намояндагии «ЭСК «KazakhЕxport» боз шуд.

Роҳандозии маблағгузорӣ ба содироти чархболи навъи Airbus Helicopters-и ширкати «Еврокоптер Казахстан инжиниринг» барои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз ҷумлаи лоиҳаҳои бузург шуморида мешавад.

Ғайр аз ин, дар мавриди содироти сохторҳои фулузӣ (металлопрокат) барои сохтмони неругоҳи Роғун, автобус ва автомобилҳои васлу насби Қазоқистон ба Тоҷикистон лоиҳаҳои бузург амалӣ шудааст.  

Ширкати суғуртаи содиротии «KazakhExport» – корхонаи зертобеъи Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон оид ба пешбурди содироти маҳсулоти ғайриашёӣ ва хизматрасониҳо мебошад. Фаъолияти асосии ширкат ба дастгирии афзоиши содироти маҳсулоти ғайриашёӣ, кору хизматрасониҳо дар бахшҳои афзалияноки иқтисод ва таҷрибаандӯзӣ дар бахши молияву суғурта ва дастгирии ғайримолиявии корхонаҳои Қазоқистон равона гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...