Дар мағозаи Колорадои ИМА шахси номаълуме 10 касро парронд

Дар иёлат (штат)-и Колорадои ИМА як шахси номаълум ба тирпарронӣ пардохта, бар асари он 10 кас ҳалок шуд. Тирпарронӣ дар маркази савдои Боулдер – шаҳр дар шимолу шарқи Денвер қарибиҳои соати 15 ба вақти маҳаллӣ рӯзи 22 март сурат гирифта, хабар медиҳад «Немецкая волна». Бино ба маълумоти CNN, афсари 51-ссолаи пулис аввалин шуда ба занги […]

Asia-Plus

Дар иёлат (штат)-и Колорадои ИМА як шахси номаълум ба тирпарронӣ пардохта, бар асари он 10 кас ҳалок шуд. Тирпарронӣ дар маркази савдои Боулдер – шаҳр дар шимолу шарқи Денвер қарибиҳои соати 15 ба вақти маҳаллӣ рӯзи 22 март сурат гирифта, хабар медиҳад «Немецкая волна».

Бино ба маълумоти CNN, афсари 51-ссолаи пулис аввалин шуда ба занги телефонӣ дар бораи ин ҳодиса расидагӣ намуда, ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешавад. Ҷинояткори эҳтимолӣ бо истифода аз силоҳ ӯро мепарронад, иттилоъ медиҳад Eadaily.

Роҳбари мақомоти пулиси маҳаллӣ Марис Херолд гуфтааст, гумонбаршуда ба ҳабс гирифта шудааст. Мақомот ҳоло аз мақсади ҷиноят бо ишора ба марҳилаи хеле барвақти тафтиш ҳарф намезананд.

Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, садои тирпарронӣ шунида шуда, якчанд нафар дар фарши супермаркет хобида буданд. Дар кадрҳои видеоӣ аз ҷойи ҳодиса дида мешавад, ки кормандони пулис як мардеро бо пойи пурхун ва бадани луч ба берун мебароранд. Ҳоло маълум нест, ки ӯ гумонбаршуда аст ё не.

Прокурори ҳавзавии ин минтақа Майкл Доэрти ва губернатори штат Ҷаред Полис ин ҳодисаро фоҷеа ва рӯйдоди даҳшатнок номидаанд.

Қобили зикр аст, ки ин ҳодисаи дуюми куштори оммавӣ дар ИМА тайи як ҳафта аст. Рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар кошонаҳои масҳи Аталанта ва штати Ҷорҷия дар фосилаи кӯтоҳи вақт 8 нафар парронида шуданд, ки 6 нафари онҳо осиётабор ва 7 нафарашон занон буданд.

Дар ИМА қариб ҳамарӯза бо истифода аз силоҳ ҳодисаҳои куштор ба амал меоянд. Раёсати тандурустӣ CDC дар маълумоти ахир омории худ 39 740 ҳодисаи маргро дар соли 2018 ба истифода аз силоҳи оташфишон ба қайд гирифтааст, и ба наздики 109 марг дар як рӯз рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.