Фонди суғурта ҷуброни пурраи амонатҳои 96%-и шахсони воқеиро кафолат медиҳад

Шумори умумии амонатгузорони суғурташудаи ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон то аввали соли равон 483,7 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии Тоҷикистон. Фонд ҷуброни пурраи 95,8% (463,5 ҳазор нафар) аз шумори умумии амонатгузорони суғурташударо кафолат медиҳад. Боқимонда 4,2% (20,2 ҳазор нафар), ки амонатҳояшон аз ҳадди (лимити) ҷуброни суғуртавӣ зиёд аст, танҳо ба қисман […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Шумори умумии амонатгузорони суғурташудаи ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон то аввали соли равон 483,7 ҳазор нафарро ташкил дод, хабар медиҳад Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеии Тоҷикистон.

Фонд ҷуброни пурраи 95,8% (463,5 ҳазор нафар) аз шумори умумии амонатгузорони суғурташударо кафолат медиҳад. Боқимонда 4,2% (20,2 ҳазор нафар), ки амонатҳояшон аз ҳадди (лимити) ҷуброни суғуртавӣ зиёд аст, танҳо ба қисман ҷуброн шудани амонатҳояшон умедвор шуда метавонанд.

Ҳадди ниҳоии ҷуброни пасандозҳои шахсони воқеӣ ба 500 нишондиҳанда барои ҳисоб бо асъори миллӣ ва 350 нишондиҳанда  бо асъори хориҷӣ баробар аст.

Маблағи як нишондиҳанда барои ҳисоб аз 1 январи соли ҷорӣ аз 58 сомонӣ то ба 60 сомонӣ (5,3 доллар) зиёд шуд.

“Ба ин тариқ, аз 1 январи соли 2021 ҳаҷми ҷуброни суғуртавӣ аз рӯйи пасандозҳо бо асъори миллӣ не зиёдтар аз 30 000 (ҳудуди 2,6 ҳазор доллар) ва бо асъори хориҷӣ – на зиёдтар аз 21 000 (1,8 ҳазор доллар)-ро ташкил медиҳад”, – гуфта мешавад дар маълумоти Фонд.

То аввалли соли 2021 ҳаҷми умумии пасандозҳои аз ҷониби Фонд суғурташуда каме бештар аз 3 млрд 450 млн сомониро ташкил медиҳад.

Дар рӯйхати аъзои Фонд 34 ташкилоти қарзӣ сабт шудаанд, ки аз инҳо 16-тоаш бонк ва 18-тоаш ташкилоти амонатгузории хурди қарзӣ мебошад.

Дар шартҳои узвият зикр мегардад, ки ҳар кадоме аз ташкилотҳои қарзӣ, ки аз Бонки миллӣ барои ҷалби пасандозҳои шахсони воқеӣ иҷозатнома дорад, узви Фонд мебошад. Ин ба бонкҳои давлатии тиҷоратӣ (“Амонатбонк” ва “Саноатсодиротбонк”), инчунин бонки исломии “Тавҳидбонк” дахл надорад. Ҷуброни пасандозҳои ду бонки аввал аз ҷониби давлат кафолат дода шуда, дар кори бонки исломӣ ҳама гуна амалиёти марбут ба пешниҳод ё гирифтани фоизҳо манъ аст.

Меъёри миёнавазн аз рӯйи пасандозҳо дар низоми бонкӣ то аввали соли ҷорӣ 9,9% бо асъори миллӣ ва 5,1% – бо асъори хориҷиро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки масъалаи баргардонидани маблағҳои амонатгузорон аз ҷониби баъзе бонкҳои мушкилдор тайи 4 соли ахир рӯзмарра боқӣ мемонад. Дар натиҷаи буҳрони бонкӣ дар моҳи феврали соли 2017 “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” аз иҷозатномаҳояшон маҳрум шуда, то имрӯз дар марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд.

Боз ду бонки дигар (“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”) бо кумаки молиявии ҳукумат ба фаъолияти худ идома дода, бисёре аз амонатгузорони ин бонкҳо то ҳол маблағҳои худро гирифта наметавонанд.

Қарзи умумии ин бонкҳо назди амонатгузорон зиёда аз 1 млрд сомонӣ (ҳудуди 90 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.