Омӯхтани бозии теннис дар Душанбе чанд пул нарх дорад?

Ҷамшед Хусаинов, Asia-Plus

Сармурабии мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба теннис, ёвари аввали президенти Федератсияи тенниси Тоҷикистон Расул Муҳиддинов мегӯяд, дар Душанбе ду маҷмааи варзишӣ – “Қасри теннис” ва “Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ” бо майдонҳои бозии теннис муҷаҳҳазанд.

“Шумо метавонед назди мо ба “Қасри теннис” муроҷиат намоед, ки дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи Hyatt Regency воқеъ аст. Мо барои кӯдакон ва калонсолон гурӯҳҳо дорем. Дар як гурӯҳ 10-12 нафар машқ мекунанд. Сарфи назар аз синнусол, машғулиятҳо дар гурӯҳ ҳафтае 3 маротиба баргузор шуда, нархи он 200 сомонӣ дар як моҳ аст. Инчунин машқҳои инфиродӣ низ гузаронида шуда, арзиши як соати он бо шумули иҷораи майдону ракетка ва тӯбҳо 150 сомонӣ мебошад”, – иброз дошт Расул Муҳиддинов.

Агар шумо хоҳиши бо лавозимоти варзишии худ таъмин буданро дошта бошед, ба мураббиён ракетка фармоиш дода метавонед.

“Мо аз Маскав фармоиш медиҳем. Арзиши ракетка аз 50 то 300 долларро ташкил медиҳад. Тӯбҳо барои теннисро дар мағозаҳои фурӯши молу лавозимоти варзишӣ харидан мумкин аст. Бастаи 3 тӯби теннис 45-50 сомонӣ арзиш дорад”, – мегӯяд мураббӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар “Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ” машғулиятҳои омӯзиши бозии теннис каме қиматтар – 300 сомонӣ дар гурӯҳ ва 200 сомонӣ – ба таври инфиродӣ нарх доранд.

“Қариб ҳамаи мураббиёни мо дорои унвони устоди варзишанд. Илова бар ин, бархе гувоҳномаҳои байнулмилалӣ доранд, ки сатҳи касбии мураббигии онҳоро тасдиқ мекунад. Онҳо дар Тошканду Чимкент ва Алмато таҳсил кардаанд”, – зикр кард Муҳиддинов.

Аз кадом синнусол оғоз кардан беҳтар аст?

Мегӯянд, барои варзишгари касбӣ шудан дар синнусоли хеле барвақт оғоз кардан лозим аст.

Ба гуфтаи мураббӣ, ӯ кӯдаконро аз синни 4-солагӣ меомӯзонад ва хуб омӯхтани бозӣ ба қобилияту малакаи ҳар як нафари алоҳида вобаста аст.

“Дар робита ба синнусоли мувофиқтар гуфтаниам, ки дар 100-гонаи беҳтарин теннисбозони ҷаҳон шахсоне ҳастанд, ки аз 12-солагӣ ба омӯзиши бозии теннис шурӯъ кардаанд”, – изҳор дошт ӯ. – Агар шахси калонсол барои худ ва муфид гузаронидани вақт бозии теннисро омӯхтанӣ бошад, аллакай дар 3-6 моҳ ба таври бояду шояд ва сода бозӣ карда метавонад”.

… Агар шумо шахсан худатон ё кӯдакатонро бозии теннис омӯхтанӣ бошед, метавонед бевосита ба “Қасри теннис” муроҷиат кунед ё бо телефонҳои 901-31-00-00 занг занед.

Телефон барои дарёфти маълумоти “Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ” – 77 777 63 63.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...