Давлатбек ё Абумуҳаммади тоҷикӣ узви барҷастаи “Ал-Қоида” аз Тоҷикистон кист?

Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон аз кушта шудани як узви барҷастаи ҳаракати террористии "Ал-Қоида" дар вилояти Пактико бо номи Давлатбек ё Абумуҳаммади Тоҷикӣ хабар медиҳад, ки ба гуфтаи ин ниҳод шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ин ниҳод дар як хабарнома барои расонаҳо навиштааст, ки неруҳои вижаи онҳо дар як амалиёти ҳадафманд як узви барҷастаи шабакаи "Ал-Қоида" ва […]

Asia-Plus

Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон аз кушта шудани як узви барҷастаи ҳаракати террористии "Ал-Қоида" дар вилояти Пактико бо номи Давлатбек ё Абумуҳаммади Тоҷикӣ хабар медиҳад, ки ба гуфтаи ин ниҳод шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Ин ниҳод дар як хабарнома барои расонаҳо навиштааст, ки неруҳои вижаи онҳо дар як амалиёти ҳадафманд як узви барҷастаи шабакаи "Ал-Қоида" ва як фармондеҳи "Толибон"-ро дар вулусволи (ноҳия)-и Каёни вилояти Пактико ба ҳалокат расонидаанд. 

Бино ба иттилооте, ки дар ин хабарнома омадааст Давлатбеки Тоҷикӣ ҳамроҳ бо Ҳазраталӣ фармондеҳи "Толибон" аз тарроҳони аслии ҳамлаҳои печидаву хунини бузурги муштараки "Ал-Қоида"-ву "Толибон" будаанд. 

"Давлатбек Тоҷикӣ машҳур ба Абумуҳаммад Тоҷикӣ узви барҷастаи шабакаи "Ал-Қоида" дар шибҳақораи Ҳинд ва Ҳазраталӣ машҳур б Ҳамза Муҳоҷир бошандаи аслии Вазиристон фармондеҳи гуруҳи террористии "Толибон" аз плонгузорони аслии ҳамлаҳои муштараки печидаи хунин ва бузурги "Толибон"-у "Ал-Қоида" буданд. Ин афрод, ашхоси иртиботӣ миёни шабакаи "Толибон"-у "Ал-Қоида" буда  ва масъулияти таҳҳизу тамвили гуруҳи террористии "Толибон"-ро пеш мебурданд",- омадааст дар ин хабарнома. 

Ба гуфтаи Раёсати амнияти умумии Афғонистон ин ду узви баландпояи гуруҳҳои террористӣ дар охирин иқдомашон тарҳи ҳамлаҳои густардаи баҳориро барои гуруҳи "Толибон" мекашидаанд. 

Расонаӣ шудани номи Давлтбек ё Абумуҳаммади Тоҷикӣ дар ҳолест, ки дар мавриди ин узви ба гуфтаи мақомоти Афғонистон  барҷастаи "Ал-Қоида" дар Тоҷикистон маълумоте дар дастрас нест. Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ин бора то кунун изҳори назар накардаанд. 

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки Абумуҳаммади Тоҷикӣ ҳамроҳ бо Ҳазраталӣ дар Афғонистон силоҳҳои пешрафтаро фароҳам мекардаанду гуруҳи  террористии "Толибон"-ро дар вилоятҳои Ғазнӣ, Лугар ва Зобул таълимоти низомӣ медодаанд. 

Ин афродро Раёсати амният бар асоси маълумоти истихборотӣ пайдо ва дар масири вилояти Ғазнӣ ба сӯйи Пактико ба ҳалокат расонидаанд. 

Дар ин хабарнома Раёсати амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки ин кишвар пойгоҳи амн барои гуруҳҳои террористии хориҷӣ намебошад. Ин ниҳод ин амалиёт ва кушта шудани ин ду фарда барҷастаро хилофи иддаоҳои "Толибон" дар мавриди қатъи робитаашон бо гуруҳи "Ал-Қоида" донистааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.