Шамоли пуршиддат, жола, борони сел. Ҳушдори КҲФ аз офатҳои табиӣ дар охири ҳафта

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-5 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба амал омадани боришоти бошиддат, борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф) ва раъду барқ дар назар буда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Гуфта мешавад, рӯзҳои 3-4 апрел дар ноҳияҳои алоҳида […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 4-5 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ба амал омадани боришоти бошиддат, борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф) ва раъду барқ дар назар буда, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 3-4 апрел дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол  аз самти ғарб бо суръати то 15-20м/с, дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд бо шиддатнокии то 21-26м/с дар назар аст.

Давоми рӯзҳои 2-5 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма ва дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда, доманакӯҳӣ – кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 4-5 апрел дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Бо сабаби боришҳои шадид ва баланд рафтани дамои ҳаво хатари лағзиши тарма, сангрезӣ ва омадани сел вуҷуд дорад. Дар чарогоҳҳои кӯҳӣ чаронидани чорво низ мушкил мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, дар чунин шароити вазъи обуҳаво аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва растаниҳои кӯҳӣ даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпартои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Кумита аз шаҳрвандон боисророна дархост мекунад, ки ҳатман маълумоти КҲФ, ВКД ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистонро пайгирӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.