Онҳое, ки хидмати аскарӣ кардаанд, дар Тоҷикистон бе озмун ба мактаби олӣ дохил мешаванд

Ҳукумати Тоҷикитстон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ”-ро таҳия ва ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод намуд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмати ҳарбӣ адо кардаанд, ба мактабҳои олии ҳарбии кишвар бе озмун қабул шуда метавонанд. “Чунин имтиёз ба собиқ сарбозон танҳо зимни қабул шудан […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикитстон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мақоми ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ”-ро таҳия ва ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод намуд.

Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ хидмати ҳарбӣ адо кардаанд, ба мактабҳои олии ҳарбии кишвар бе озмун қабул шуда метавонанд.

“Чунин имтиёз ба собиқ сарбозон танҳо зимни қабул шудан ба мактабҳои олии ҳарбӣ дода шуда, ба дигар мактабҳои олӣ дахл надорад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Рустам Шоҳмурод.

Ӯ зикр кард, ки аз имтиёзи зикршуда ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба мактабҳои олии ҳарбии дигар давлатҳо дохил шуданианду Тоҷикистон бо онҳо дар ин хусус созишномаи дахлдор  ба имзо расонидааст, истифода бурда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон танҳо як мактаби олии ҳарбӣ – Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумурӣ фаъолият мекунад, ки аввали соли 1993 таъсис дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.