Мусодираи миқдори бузурги маводи мухаддир дар Ишкошим

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раёсати Оҷонсии назорати маводи нашъаовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мусодира ва боздошти наздик ба 50 кг маводи мухаддир дар нощияи Ишкошими ин вилоят хабар медиҳад.

Тавре маркази матбуоти Оҷонсӣ хабар медиҳад, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ноҳияи Ишкошим ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар шаҳрванд Маҳмуд Мирзоеви 39-сола, сокини ҷамоати деҳоти Замирови ҳамин ноҳия боздошт шудааст.

"Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз борхалтаи полиэтиленӣ рангаш сафед, ки ба номбурда тааллуқ дошт 49 адад бастаҳои селофании скочпечи дар дохилашон маводи бӯи махсусдошта дарёфт карда шуд. Ташхис муайян намуд, ки маводҳои мусодирашуда навъи нашъаовари “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 47кг 305гр ро ташкил дод",-гуфта мешавад дар хабарномаи ин ниҳод.

Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Мирзоев Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияти ба тафтишот номаълум бо номи Файз ва тахаллуси “Муаллим” миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ғайриқонунӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба даст овардааст, -мегӯянд дар Оҷонсӣ

Гумонбар бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар бо миқдори махсусан калон боздошт шудаву парванда боз шудааст. 

Ба ҷуз ин, Оҷонсӣ хабар медиҳад, ки алайҳи шаҳрвандони ноҳияи Ишкошим Уталбеков Аъзам Ақризобекович ва Аноятбеков Суҳроб Рустамбекович бо сабаби огоҳӣ доштан аз кирдори шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд дар мавриди хариду фуруши маводи нашъадор ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодан бар асоси моддаи 347 қисми 1 (хабар надодан дар бораи ҷиноят) парванда боз шудааст ва онҳо ба ҳаси пешакӣ гирифта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...