Шукронаи Қарчиева барои медали бириҷнии қаҳрамонии ҷудои Осиё мубориза мекунад

Шукронаи Қарчиева, бонуи ҷудокори тоҷик, дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон – Asia-Oceania Senior Championships дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, ки имрӯз оғоз шуданд, барои ба даст овардани медали биринҷӣ мубориза мебарад.  Шукрона Карчиева, ки дар рақобатҳо дар вазни -48 кг аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, дар даври аввал бонуи ҷудокори чинӣ Ка Ки Вонгро шикаст доду дар даври дувум аз […]

Asia-Plus

Шукронаи Қарчиева, бонуи ҷудокори тоҷик, дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон – Asia-Oceania Senior Championships дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, ки имрӯз оғоз шуданд, барои ба даст овардани медали биринҷӣ мубориза мебарад. 

Шукрона Карчиева, ки дар рақобатҳо дар вазни -48 кг аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, дар даври аввал бонуи ҷудокори чинӣ Ка Ки Вонгро шикаст доду дар даври дувум аз ҷудочии кишвари Тайбэйи Чин Лин Чен – Ҳао шикаст хӯрд.

Аммо Шукрона дар даври шонси муҷадда варзишгарбонуи мизобон,  Айсулу Мусоқуловаро мағлуб кард ва барои рақобатҳои ба даст овардани медали биринҷӣ роҳ пайдо кард.

Шукрона Карчиева барои медали биринҷо бо Гулнур Муратбаева вориди рақобат мешавад.

Ду варзишгарбонуи дигари тоҷик Аҳлия Мӯъминова ва Фазилат Гулбоева  ҳарду дар вазни -52 кг  дар даври аввали рақобатҳо, мутаноисбан аз ҳарифони худ Гулбодом Бобомуродоваи туркман ва Тинка Истони австралиягӣ шикаст хӯрданд.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои Осиё  дар рақобатҳо миёни мардон Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Сомон Маҳмадбеков (-73), Акмал Муродов ва Ҳақназар Назаров (-81) Комроншоҳ Устопирён ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг),  Темур Раҳимов ва Хуршед Маҷидов ҳарду дар вазни +100  намояндагӣ мекунанд.

Қаҳрамонии ҷудои Осиё имсол дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзҳои 6-9 апрел баргузор мешавад.

Рақобатҳо миёни мардон дар вазнҳои -60 ва -66 ҳам имрӯз оғоз шуданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.