Мусодираи миқдори бузурги маводи мухаддир дар Ишкошим

Раёсати Оҷонсии назорати маводи нашъаовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мусодира ва боздошти наздик ба 50 кг маводи мухаддир дар нощияи Ишкошими ин вилоят хабар медиҳад. Тавре маркази матбуоти Оҷонсӣ хабар медиҳад, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ноҳияи Ишкошим ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар шаҳрванд Маҳмуд Мирзоеви 39-сола, сокини ҷамоати деҳоти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раёсати Оҷонсии назорати маводи нашъаовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мусодира ва боздошти наздик ба 50 кг маводи мухаддир дар нощияи Ишкошими ин вилоят хабар медиҳад.

Тавре маркази матбуоти Оҷонсӣ хабар медиҳад, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар қаламрави ноҳияи Ишкошим ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар шаҳрванд Маҳмуд Мирзоеви 39-сола, сокини ҷамоати деҳоти Замирови ҳамин ноҳия боздошт шудааст.

"Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз борхалтаи полиэтиленӣ рангаш сафед, ки ба номбурда тааллуқ дошт 49 адад бастаҳои селофании скочпечи дар дохилашон маводи бӯи махсусдошта дарёфт карда шуд. Ташхис муайян намуд, ки маводҳои мусодирашуда навъи нашъаовари “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 47кг 305гр ро ташкил дод",-гуфта мешавад дар хабарномаи ин ниҳод.

Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Мирзоев Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияти ба тафтишот номаълум бо номи Файз ва тахаллуси “Муаллим” миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ғайриқонунӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба даст овардааст, -мегӯянд дар Оҷонсӣ

Гумонбар бо ҷурми даст доштан дар қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъовар бо миқдори махсусан калон боздошт шудаву парванда боз шудааст. 

Ба ҷуз ин, Оҷонсӣ хабар медиҳад, ки алайҳи шаҳрвандони ноҳияи Ишкошим Уталбеков Аъзам Ақризобекович ва Аноятбеков Суҳроб Рустамбекович бо сабаби огоҳӣ доштан аз кирдори шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд дар мавриди хариду фуруши маводи нашъадор ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодан бар асоси моддаи 347 қисми 1 (хабар надодан дар бораи ҷиноят) парванда боз шудааст ва онҳо ба ҳаси пешакӣ гирифта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?