Шикояти роҳсозони Данғара ба вазир аз сарулибос ва пойафзоли махсуси корӣ

Asia-Plus

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо кормандони МД нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин ноҳия суҳбати корӣ анҷом дод.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, суҳбат зззамоне барпо шуд, ки кормандон дар ҳудуди истироҳатгоҳи “Баҳри кабуд” ба тозакунии ҷуйборҳо (лотокҳо) ва бартарафсозии сангҳои дар роҳ фуромада машғул буданд.

“Кормандон изҳор доштанд, ки музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд, аммо аз сифати пасти либосу  пойафзоли зимистона ва тобистона, ки дар ду сол як маротиба аз тарафи Вазорати нақлиёт таъмин мегардад, изҳори норозигӣ карданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, Азим Иброҳим аз масъулини вазорат талаб намуд, ки бо риояи меъёрҳои мавҷуда  минбаъд пойафзоли мавсимӣ  пеш аз харид кардан аз ҷониби масъулин мавриди омӯзиши ҷиддӣ  қарор дода шавад ва навъи интихобшуда танҳо дар сурати босифату ҷавобгӯ будан ба талабот интихоб ва харид гардад. Пойафзоли босифате бояд интихоб карда шавад, то ки кормандони муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ тавонанд онро ду фасли сол истифода баранд.

Зикр мегардад, ки вазир ба сохторҳои марбута супориш дод, ки либосҳои болопӯши борониро низ ба кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар фасли баҳору тирамоҳ таъмин созанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...