Тоҷикистон мехоҳад дар ҷалби сармоягузории мустақими ИМА муваффақ шавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Саъдӣ Қодирзода бо директори намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Кит Симмонс масоили беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва ҷалби сармояи амрикоӣ ба иқтисоди кишвар баррасӣ шуданд.

“Бо назардошти ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ ва коҳиши воридоти сармоя, ҷонибҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ роҳандозии чораҳои мушаххасро ба мақсад мувофиқ шумориданд”, – омадааст дар хабари Кумита дар ин робита.

Қаблан моҳи феврали соли равон муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни видеоконфронс бо намояндагони доираҳои тиҷорати ИМА изҳор дошт, ки ҳукумат омода аст ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

Ба тоҷирони амрикоӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба истихроҷи канданиҳои фоиданок, инчунин роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, чунончи пахта пешниҳод шуд.

Зикр шуд, ки дар назар аст, ояндаи наздик силсилавохӯриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ду кишвар ташкил карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии ИМА сармоягузориро ба иқтисоди Тоҷикистон алҳол тавсия намедиҳад.

Департаменти давлатӣ ҳамасола имконоти сармоягузории кишварҳоро омӯхта, дар ин бора гузориш таҳия мекунад, ки ба мисли як дастур аз ҷониби тоҷирони амрикоӣ қабул мешавад.

Муаллифони гузориши ахири Департаменти давлатӣ оид ба муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли гузашта ба нашр расида буд, ҷумҳурии моро “ҷойи мушкил барои пешбурди тиҷорат бо хавфҳои зиёд барои сармоягузори хориҷӣ” номида буданд.

Монеъаҳои расмиётчигӣ (бюрократӣ) ва молиявӣ, коррупсияи густарда, фаъолияти начандон назарраси бахши бонкӣ, низоми ношаффофи андоз ва санҷишҳои бешумор аз ҷумлаи монеъаҳои асосӣ пеши роҳи тиҷорат дар Тоҷикистон унвон шуданд.

Коршиносони Департаменти давлатӣ таъкид доштанд, ки 75% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими аз ҷониби Тоҷикистон ҷалбшуда дар соли 2019 “қарзҳои ношаффоф” мебошанд, ки ба ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-и Чин марбутанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон, давоми солҳои 2007-2019 дар ҳаҷми ҳудуди 9,9 млрд доллар сармоягузориҳи хориҷӣ ҷалб шуда, ҳиссаи сармоягузории ИМА дар ҳаҷми умумӣ ҳамагӣ 7% (695 млн доллар), Чин – ҳудуди 30% (2,9 млрд доллар) ва Русия – зиёда аз 16% (зиёда аз 1,6 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...