Тавсияи ҳукумати Суғд: роҳҳо маҳдуд мешаванд аз роҳҳои канорӣ истифода кунед

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон кардааст, ки  бино ба  сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд ҳаракати нақлиёт дар баъзе роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳдуд мешавад. Ин эълонро торнамои ҳукумати вилояти Суғд нашр карда ва тавсия додааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳо, шаҳрвандон аз роҳҳои […]

Asia-Plus

Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон кардааст, ки  бино ба  сафари кории сарвари давлат ба вилояти Суғд ҳаракати нақлиёт дар баъзе роҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳдуд мешавад.

Ин эълонро торнамои ҳукумати вилояти Суғд нашр карда ва тавсия додааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар роҳҳо, шаҳрвандон аз роҳҳои канорӣ истифода кунанд.

Тибқи ин иттило дар вилоят маҳдуд шудани роҳҳои зерин дар назар аст:

7 апрел кучаҳои ба номи Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Ғафуров — Хуҷанд, кучаҳои ба номи И.Сомонӣ ва Гагарини шаҳри Хуҷанд, кучаҳои ба номи Ф.Ахмедов, М. Авезова ва Ӯрунхоҷаеви ҷамоатҳои Ҳайдар Усмон ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кучаҳои марказии шаҳри Гулистон;

8 апрел роҳи автомобилгарди Истаравшан-Зафаробод то деҳаи Яккатол, роҳи Истаравшан-Хуҷанд то плазаи толлингии шаҳри Истаравшан, роҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарҳалол(соҳибони автомобилҳои хурди мусофиркаш метавонанд ҳаракати худро тариқи роҳи марказии ноҳияи Деваштич идома диҳанд);

 – 9 апрел кучаҳои марказии шаҳраки Шӯроб, кучаҳои марказии Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара;

 – 10 апрел кучаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кучаҳои Гагарин, Сирдарё, И.Сомонӣ, Р.Ҳоҷиев то баромадгоҳи маҳаллаи Сартӯқай, кӯчаҳои марказии шаҳрҳои Гулистону Бӯстон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.