Дидори вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон: баҳси марз

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон Рамазон Раҳимзода ва Улан Ниёзбеков ба ҳам мулоқот карданд. Ба иттилои сомонаи ВКД-и Тоҷикистон мулоқот рӯзи 6-уми апрел баргузор шуда?  Рамазон Раҳимзода ва  ҳамтои қирғизии ӯ Улан Ниёзбеков ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилии ду кишварро баррасӣ кардаанд. “Дар ин замина барои дастгириву талошҳои муштарак дар […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон Рамазон Раҳимзода ва Улан Ниёзбеков ба ҳам мулоқот карданд.

Ба иттилои сомонаи ВКД-и Тоҷикистон мулоқот рӯзи 6-уми апрел баргузор шуда?  Рамазон Раҳимзода ва  ҳамтои қирғизии ӯ Улан Ниёзбеков ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомотҳои корҳои дохилии ду кишварро баррасӣ кардаанд.

“Дар ин замина барои дастгириву талошҳои муштарак дар мусоидат ба барқарории сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва вилояти Ботканди Қирғизистон изҳор назар карда шудааст”.

Дар ин ҷаласаи васеъ сардорони бахшҳои махсусгардонидашудаи ду кишвар иштирок доштаанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои наздимарзӣ ва инчунин масъалаҳои мубрами мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо баррасӣ шудаанд.

Таваҷҷуҳи бештар ба таҳкими робитаҳои роҳбарони мақомоти корҳои дохилии минтақаҳои наздимарзӣ ва шӯъбаҳои махсуси варзоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон дода шудааст. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бар муқобила ба зидди ҷинояткорӣ ва мустаҳкам намудани фаъолияти ҳуқуқии чандинсола иброз намудаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.